Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони тазоҳуроти ду созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар Олмон


Мухолифонаш Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳукуматдории тӯлонӣ, инҳисори қудрат ва маҳдудияти озодиҳо танқид мекунанд
Мухолифонаш Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳукуматдории тӯлонӣ, инҳисори қудрат ва маҳдудияти озодиҳо танқид мекунанд

Ду созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳангоми сафари раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон ҳамоиши эътирозӣ баргузор хоҳанд кард.

Раҳмон ва ҳамтоёни дигараш аз давлатҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 29-уми сентябр дар Олмон ҷамъ мешаванд. Мулоқоти онҳо дар қасри раёсати ҷумҳури ин кишвари муҳими аврупоӣ дар назар аст.

"Гуруҳи 24" гуфтааст, дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин тазоҳурот баргузор хоҳад кард.

Паймони миллӣ, эътилофи чор созмони мухолиф, гуфтааст, ба дархости ҳамоҳангшуда бо мухолифони сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз қасри раёсати ҷумҳури Олмон посухи мусбат гирифтанд.

"Бубинем, ки Раҳмон оё қодир аст, бо шаҳрвандони худ дар як фазои озод дидоре дошта бошад ва дарду мушкилоти мардумро мустақим, бидуни хушомадгӯйҳояш, бишунавад ё хайр," -- омадааст дар эъломияи "Гуруҳи 24”.

"Баргузории чорабиниҳои умумӣ ва муштарак паёми қавие ба миллат ва ҳамзамон ба диктотурҳо дорад," – гуфта шудааст дар баёнияи Паймони миллӣ.

Мухолифони сиёсии ҳукуматҳои Узбекистон ва Туркманистон низ гуфтаанд, дар баробари дидори президентҳои Осиёи Марказӣ дар Олмон тазоҳурот барпо хоҳанд кард.

Ба хабари сомонаи президенти Олмон, Франк Волтер Штейнмайер ва роҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон субҳи 29-уми сентябр дар қароргоҳи президенти Олмон гуфтугӯ хоҳанд кард.

Мулоқот бо раҳбари кишвари муҳими аврупоӣ дар ҳоле барпо мешавад, ки раҳбарони Осиёи Марказӣ 19-уми сентябр дар доираи нишасти С5+1 бо президенти Амрико Ҷо Байден дар Ню-Йорк гуфтугӯ карданд. Рушди ҳамкориҳо дар бахши иқтисод, дифоъ, амният ва соҳибкорӣ аз мавзуъҳои баҳс буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG