Баъзе аз сокинон метарсанд, ки маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ имсол пеш аз муҳлат ҷорӣ шудааст. Иддае онро фишори мақомот барои ҷалби ҷавонон ба артиш медонанд.
"Генератор истифода мекунем"
Саидназар Алиев, молики маркази пур кардани гази моеъ дар роҳи Душанбе-Шоҳамбарӣ, ду рӯз боз барои хидматрасонӣ ба муштариёнаш аз генератор истифода мекунад.
"Дирӯз, 26-уми сентябр, аз соати даҳи шаб то панҷи саҳар барқ набуд. Ин субҳ ҳам аз соати даҳ барқро хомӯш карданд. Ҳанӯз нест," – нақл кард ӯ рӯзи 27-уми сентябр.
Изҳори нигаронияш аз он аст, ки мақомот бидуни огаҳӣ интиқоли нерӯи барқро ба хонаву корхонаҳои мардум қатъ мекунанд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Баъзе аз сокинони дигари дараи Шоҳамбарӣ тасдиқ карданд, ки ду рӯз боз барқ надоранд. Ҳоҷихолбой Иброҳимов, раиси маҳаллаи Тиргарони ҷамоати Дурбади Ҳисор, рӯзи 27-уми сентябр гуфт, “шаби гузашта тамоми деҳа нерӯи барқ надошт.”
Ба қавли ӯ, бебарқӣ ба зиндагии ҳама қишрҳои ҷомеа таъсир кард: “Ҳам барои кӯдакҳо, ҳам барои мӯйсафедон душвор аст. Давлати мо чӣ дорад? Ҳамин як свет. Барқ набошад, бе дасту по мемонем.”
Ҳамсуҳбатони мо аз он ташвиш доранд, ки имсол маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ хеле барвақт оғоз шудааст.
“Захираи об ва таъмири дастгоҳ”
Ширкати "Барқи Тоҷик" 28-уми сентябр дар изҳороте гуфт, обанбори Норак "то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур карда шудааст", "вале ҳаҷми воқеии резиши об дар муқоиса ба соли гузашта ва ҳисоби миёнаи бисёрсола кам аст"
"Барқи Тоҷик" мисли солҳои гузашта, таъмири сим ва зеристгоҳҳоро аз сабабҳои дигари қатъи барқ дар кишвар гуфтааст. Мақомот мегӯянд, ин кор барои таъмини сокинон бо барқ дар фасли зимистон зарур аст. Мақомот нагуфтаанд, ки маҳдудияти интиқоли барқ то кай давом хоҳад кард.
Дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар Инстаграм, ки “Оё дар ҷойҳои Шумо низ барқ нест?” чанд нафар аз шаҳрҳои Бохтару Панҷакент ва Турсунзодаву Истаравшан навиштаанд, ки ҳар рӯз чанд соат аз барқ маҳруманд. Ду кас аз Сангвору ноҳияи Ҷайҳун иддао кардаанд, ки шабурӯз барқ доранд.
Ҳоло ки мақомот сабаби набудани барқро дар минтақаҳо шарҳ намедиҳанд, фарзияҳои гуногун дар бораи он зиёд аст. Яке аз корбарони Радиои Озодӣ аз ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Нуробод дар мактубе бе зикри ном иддао кардааст, ки “қувваи барқи моро хомӯш карда, гуфтанд, “то солдат (сарбоз) надиҳед, светро намебинед.”
Радиои Озодӣ то ин дам тасдиқи ин иддаоро пайдо карда натавонист, вале дар гузашта мақомот дар Исфараву минтақаҳои дигар бастани дари масҷид ва қатъи нерӯи барқро ҳамчун василаи ҷалби ҷавонон ба артиш истифода кардаанд.
Содироти барқ ба давлатҳои ҳамсоя низ як далели маҳдудияти он дар дохили кишвар гуфта мешавад.
Тоҷикистон аз соли 1992, замони касби истиқлол, дар фасли сармо интиқоли нерӯи барқро ба хонаҳои мардум маҳдуд мекунад. Чанд сол пеш раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, ки “лимит” дигар ба афсона табдил шуд, аммо вазъ тағйир наёфт.
Ҳоло мақомот бовар доранд, ки бо сохтани нерӯгоҳи “Роғун” камбуди нерӯи барқро дар кишвар аз байн хоҳанд бурд. Нерӯгоҳе, ки то кунун ду чархаашро ба истифода додаанд, вале чизеро дигар накард.
Гуфтугӯ