Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқро қатъ карданд, мардум аз деҳа рафт." ВИДЕО


Сокинони Конибодом чанд ҳафта аст аз набудани барқ шикоят доранд
Сокинони Конибодом чанд ҳафта аст аз набудани барқ шикоят доранд

Намояндагони “Шабакаҳои тақсими нерӯи барқ” гуфтанд, фарсудагии дастгоҳу таҷҳизоти барқрасон сабаби қатъ шудани интиқоли барқ дар фасли тобистон шудааст. Давоми як моҳи ахир шикоятҳо аз камбуди барқ аз чандин минтақаҳои Тоҷикистон зиёд садо медиҳад. Сокинон мегӯянд, набуди барқ дар рӯзҳои гарм зиндагиашонро мушкил кардааст ва аз сӯи дигар деҳқононро ба камбуди об рубарӯ шудаанд.

Рӯзи 10-уми август дар нишасти хабарии ширкатҳои “Барқи тоҷик”, “Шабакаҳои интиқол” ва “Шабакаҳои тақсимот” мавзӯи камбуди барқ баҳс шуд. Раҳбарони радаи аввали ин ширкатҳо ҳузур надоштанд ва масъулин гуфтанд, онҳо ба неругоҳи “Роғун” рафтаанд.

"Барқро қатъ карданд, мардум аз деҳа рафт."
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Сайфиддин Қараев, хабарнигори нашрияи “Азия Плюс” ин мавзӯъро матраҳ кард, ки дар деҳаи “Шайх Музаффар”-и шаҳри Турсунзода дар гармои моҳи гузашта 18 рӯз барқ набуд. Ба гуфтаи вай, тақрибан ҳамаи сокинони деҳа онро тарк кардаанд, зеро дар манзилашон нафарони бемору кӯдакон буданд ва зиндагӣ дар ҳавои тафсон бе барқ душвор аст:

«Барқро хомӯш карданд, сабабаш номаълум. Вақте назди мутассадиҳо рафтем, дар ҷойи кор нестанд, ҳамагӣ ба Ҳаҷ рафтаанд. Ҳоло барқ доданд, вале сокинони деҳа ҳанӯз баргаштанӣ нестанд чун бовар надоранд, ки барқ омадааст,»-афзуд ин хабарнигор.

Ҷомӣ Умаров, муовини раиси ширкати “Шабакаҳои тақсимоти нерӯи барқ” дар посух ба ин даъвои хабарнигор гуфт, “қатъ шудани интиқоли нерӯи барқ воқеан рух медиҳанд, вале сабаби чунин ҳолатҳо бештар ба фарсуда будани хатҳо ва таҷҳизоти интиқоли нерӯи барқ” бастагӣ дорад.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Таъмини номуназзами барқ таҷҳизоти муассисаҳо ва сокинони Суғдро аз кор мебарорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:19 0:00

Бар иловаи хомӯш шудани барқ, сокинон дар минтақаҳо аз ҷумла дар вилояти Суғд аз шиддати пасти барқ шикоят доранд. Чанде аз сокинони шаҳри Конибодом дар сӯҳбати видеоӣ ба Радиои озодӣ гуфтанд, ки борҳо таҷҳизоти барқии рӯзгордориашон аз кор баромад ва ё таъмирталаб шуд. Ба таъкиди сокинони навоҳӣ бидуни таҷҳизотҳои барқафзоянда истифодаи нерӯ тақрибан номумкин гардид.

Зайниддин Низомиддинов, як сокини шаҳри Конибодом дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “сардкунак (кондитсионер) тамоман кор намекунад. Шаббодакунакро тавассути автотрансформатор мемонем ва каме салқин мешавем. Дар як рӯз се-чор маротиба барқро хомӯш мекунанд. Агар барқ ояд ҳам хеле шиддати паст дорад.”

Ин масъала дар нишасти хабарии Раиси вилояти Суғд ҳам чолишбарангез шуд. Раҷаббой Аҳмадзода мушкилро тасдиқ кард ва гуфт, ки бояд дар ин самт назорат пурзӯр гардад.

Аҳмадзода дар хитоб ба масъулини идораи барқи вилоят гуфт, «имрӯз яке аз проблемаҳои асосӣ аст, лаппиши барқ шуда истодааст. Ягон ҷойи пинҳониаш нест, дар ҳақиқат имрӯз аз ҳисоби беаҳамиятии баъзе кормандони идораи барқ, дар соҳаи кишоварзӣ аз кор баромадани баъзе пойгоҳҳои обкашӣ мушоҳида мешавад.”

Камбуди барқ дар Тоҷикистон як мушкили куҳна аст ва бо вуҷуди ваъдаҳои зиёди мақомот он то ҳол бартараф нашудааст. Ҳамасола дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон сокинони деҳоти Тоҷикистон аз камбуди барқ азият мекашанд. Мақомот айбро гоҳ ба таъмир ва гоҳ ба камбуди об дар обанборҳо рабт медиҳанд. Аммо шубҳаву гумонҳо ба ин ҳарфҳои мақомот зиёд аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG