Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Омада бинанд, ки чӣ аҳвол дорем" ВИДЕО, АКС


Дарахтоне, ки аз беобӣ хазон шудаанд
Дарахтоне, ки аз беобӣ хазон шудаанд

Беобӣ боғи Искандар Исмоиловро ба нобудӣ мекашонад. Боғи ӯ дар ҷамоати Зарбдори Кӯлоб ҷойгир аст ва имсол камбуди об ҷиддӣ шудааст. Аз ин сабаб пахтаи қариб расида нобуд шуд ва ба ҷойи фоида зарар овард.

Искандар Исмоилов, раиси хоҷагии “Ромиш”, мегӯяд, "дар он тараф панҷ гектар замини дигар холӣ истодааст. Онҷо гандум буд, гандумашро гирифтем, агар об мешуд, мо метавонистем кишти дуюм кишт кунем. Об, ки набуд, ҳамин тавр заминро мондем."

Вазъи дигар деҳқонон аз ҳоли Искандар Исмоилов беҳтар нест. Дида мешавад, ки дар ин минтақаи Кӯлоб садҳо гектар замин кишт нашудаанд. Деҳқонон сабаби онро беобӣ гуфтанд.

Дар ҳукумати Кӯлоб бовар доранд, то охири моҳи сентябр заминҳои холӣ кишт мешавад. Бахтиёр Назарзода, раиси шаҳри Кӯлоб гуфт, дар 1315 гектар замин кишти такрорӣ гузаронда шудааст, вале дақиқ нагуфт, дар кадом ҷамоатҳо.

Видеоро дар инҷо тамошо кунед:

Деҳқонони ҷамоати Зарбдори Кӯлоб аз камбуди об шикоят доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:44 0:00

Деҳқонони ҷамоати Зарбдор борҳо аз беобӣ шикоят кардаанд, аммо ба гуфтаи худашон муроҷиатҳо то ин дам бе натиҷа буд. Ҳамин мушкилӣ будааст, ки дар ин минтақа боғу кишти деҳқон рӯ ба хушкидан аст.

Хаспала Мӯсоев, мудири хоҷагии деҳқонии “Юсуфҷон”, аз мақомот даъват дорад, ки омада худашон бинанд, ки заминҳои ҷамоати Зарбдор дар чӣ ҳол ҳастанд. “Ҷаноби олӣ мегӯяд, ки ду-се ҳосил гиред, мо як ҳосилро гирифта наметавонем. Об нест, ҳамин обе, ки ба мо меояд, мардум ташнобашро дар рӯдхона кушодагӣ аст,” -- афзуд ӯ.

Аз набудани об боғҳо хушкидаанд
Аз набудани об боғҳо хушкидаанд

Як рӯд аз маркази шаҳри Кӯлоб то ҷамоати Зарбдор меравад, аммо камобӣ ва пур шудани рӯдхона дар ҳудуди Чармгарони поён роҳи онро бастааст. Ҳамин боис шудааст, ки заминҳои хоҷагидорон дар ҷамоати Зарбдор бе кишт мондааст.

Найистон Раҷабова се сол боз ба тарафи замини президентӣ нарафтааст. Чанд оилаи дигар ҳам мисли ӯ аз ҳисоби беобӣ дар заминҳои президентиро кишт карда наметавонанд.

"Оилаи мо 16 сотих замини президентӣ дорад, се сол шуд, ки тарафи замин намеравам. Ба он сабаб, ки дар канал об намеояд. Аз совхози Назар, Кӯҳнашаҳр ва Сари Осиё обро мегиранд ва ба мо як қатра об намедиҳанд,” -- мегӯяд Найистон Раҷабова.

Мақомот ин шикоятҳоро қабул надоранд. Файзалӣ Миралиев, сардори Идораи хоҷагии оби шаҳри Кӯлоб, гуфт, кадом хоҷагии деҳқонӣ, ки бо онҳо шартнома баста, талаботро иҷро мекунад, бо об таъмин аст. “Лекин хоҷагие, ки шартнома баста, аммо талаботро иҷро накардааст, мумкин дар онҳо мушкили беобӣ дида мешавад,” -- шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.

шаҳрдории Кӯлоб
шаҳрдории Кӯлоб

Ба нақли деҳқонон то пошхӯрии Шӯравӣ заминҳои ҷамоати Зарбдори Кӯлоб кишт мешуданд ва ба воситаи "нассос" аз рӯдхона ба заминҳо об дода мешуд.

Ҷамоати Зарбдор аз маркази шаҳри Кӯлоб чаҳор километр фосила дорад. Деҳқононе, ки аз беобӣ ранҷ мекашанд, дар паҳлӯи шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб ҷойгиранд. Ба гуфтаи деҳқонон, ҳар рӯз мансабдоре нест, ки аз инҷо гузар накунад. Бо вуҷуди дидани заминҳои холӣ, ба гуфтаашон, касе аз ин ҳол напурсидааст.

Беобӣ танҳо хоси шаҳри Кӯлоб нест. Солҳои охир деҳқонон дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон ҳам бо айни мушкил рӯбарӯ мешаванд. Аз ҷумла, баҳори имсол деҳқонон дар чанд ноҳияи сарҳадии вилояти Суғд ба камбуди шадиди об рӯбарӯ шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG