Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ баъди Узбекистон дувум аст


Дастаи мунтахаби Тоҷики стон дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳри Ҳангжоуи Чин ҷараён дорад, аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо бо касби се медал (як тилло, як нуқра ва як биринҷӣ) дар байни 45 кишвар дар ҷойи 12-ум қарор дорад.

Аз рӯи натиҷагирии мусобиқот то ҳоло варзишгарони 30 кишвар медали бозиҳоро ба даст овардаанд, аз он ҷумла намояндагони 14 кишвар нишони тилло гирифтаанд.

Мунтахаби Чин бо касби 99 медал (56 тилло, 30 нуқра ва 13 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 51 медал (15 тилло, 16 нуқра ва 20 биринҷӣ) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Ҷопон бо касби 50 медал (9 тилло, 21 нуқра ва 20 биринҷӣ) дар ҷойи севум қарор доранд.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Узбекистон (5-6-11), Ҳонконг (5-5-11), Тайланд (5-1-5), Ҳиндустон (3-4-7), Индонезия (3-1-5), Тайпейи Чин (2-3-3), ва Эрон (1-4-5) дохиланд. Инчунин пеш аз Тоҷикистон боз як кишвар – Имороти Муттаҳидаи Араб (1-1-3) – ҷойгир шудааст.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ғайр аз Узбекистону Тоҷикистон, Қирғизистон як медали тилло (ҷойи 14-ум), Қазоқистон 9 медал (2 нуқра ва 7 биринҷӣ, ҷойи 16-ум) ва Туркманистон 1 медали биринҷӣ ( ҷойи 25-ум) гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, Сомон Маҳмадбеков дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ дар риштаи ҷудо дар вазни то 81 кило медали тилло ба даст овард. Темур Раҳимов дар вазни +100 кило медали нуқра гирифт. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило барандаи медали биринҷӣ шуд.

Ҳамин тариқ, ҳарсе медали Тоҷикистон дар ин бозиҳо ба варзишгарони тоҷик дар риштаи ҷудо мутааллиқ аст.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳри Ҳангжоуи Чин то рӯзи 8-уми октябр идома меёбад, Тоҷикистонро беш аз 100 варзишгар намояндагӣ мекунад.

Ба барномаи бозиҳо 40 навъи варзиш (28 намуди олимпӣ ва 12 намуди ғайриолимпӣ) дохил аст. Варзишгарони тоҷик дар 18 намуд ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Ба назари коршиносон, варзишгарони тоҷик боз дар риштаҳои бокс, куштии озод ва юнонию румӣ, ҷиу- ҷитсу, варзиши сабук, каратэ ва кураш имкони медал гирифтанро доранд.

Ба варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ дар Ҳангжоу нишони тилло мегиранд, ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба маблағи 150 000 сомонӣ, барандагони нишони нуқра 100 000 сомонӣ ва соҳибони нишони биринҷӣ 50 000 сомонӣ супурда мешавад.

Инчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар ин бозиҳо барандагони медали тилло мешаванд, хонаи сеҳуҷрагӣ, медали нуқра - дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Бояд тазаккур дод, Бозиҳои тобистонаи осиёӣ шурӯъ аз соли 1951 дар ҳар чаҳор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ҳоло 30 медал гирифтааст, ки 5-тоаш нишони тилло, 7-тоаш нуқра ва 18-тоаш биринҷӣ мебошад. Се медали тиллоро Дилшод Назаров дар гурзандозӣ ва яктоӣ нишони тиллоро Ҷаҳон Қурбонов дар бокс ва Сомон Маҳмадбеков дар риштаи ҷудо ба даст овардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG