Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Темур Раҳимов дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ медали нуқра гирифт


Темур Раҳимов
Темур Раҳимов

Темур Раҳимов, паҳлавони машҳури тоҷик, дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳри Ҳангжоуи Чин ҷараён дорад, дар мусобиқаи ҷудо миёни мардон дар вазни сангинтарин медали нуқра ба даст овард. Ин севумин медали Тоҷикистон дар ин бозиҳо мебошад.

Темур дар вазни +100 кило дар даври аввал озод буд ва рақобатро аз даври чаҳорякниҳоӣ муқобили Ли Руйхуани аз Чин шуруъ намуд. Дар ин рақобат Темур дастболо шуда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар нимфинал Ким Минйонгро аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст дода, ба финал баромад. Вале дар финал Темур аз Магомедумар Магомедумаров (Имороти Муттаҳидаи Араб) шикаст хӯрд ва соҳиби медали нуқра гардид.

Имрӯз, 26-уми сентябр, инчунин дар Бозиҳои осиёии Ҳангжоу дар риштаи ҷудо Тоҷикистонро Комроншоҳи Устопириён ва Исроил Раҳимов муаррифӣ карданд.

Комроншоҳ дар вазни то 90 кило дар даври аввал бар Вей Чанг аз Тайпейи Чин ғалаба карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Вале ӯ дар чорякфинал аз Арам Григорян (Имороти Муттаҳидаи Араб) мағлуб шуда, ба даври тасаллобахш рафт. Дар қуввазмоӣ бо Карамноб Сагайпов аз Лубнон кори паҳлавони тоҷик омад накард ва ӯ аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд.

Исроил Раҳимов бошад, дар вазни то 100 кило дар даври аввал аз Боймурод Маҷанови туркман мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа маҳрум гашт.

Ёдовар мешавем, Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони номдори тоҷик, дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ дар риштаи ҷудо медали тилло ба даст овард. Вай дар вазни то 81 кило дар даври аввал бар Муаяд Звайб аз Фаластин пирӯз шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар чорякфинал ӯ Асад Масобирови қирғизро шикаст дода, ба даври ниманиҳоӣ баромад. Дар нимфинал Сомон Абулайхан Жубаназари қазоқро мағлуб карда, ба финал роҳ пайдо кард. Сомон дар финал Ли Ҷунванро аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст дод ва ғолиби мусобиқот шуд.

Беҳрӯзи Хоҷазода, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ дар риштаи ҷудо медали биринҷӣ ба даст овард. Ин аввалин медали Тоҷикистон дар ин бозиҳо ба шумор мерафт.

Беҳрӯз дар вазни то 73 кило дар даври аввал бар ҷудокори Филиппин Накано Кейсей дастболо шуда, ба чорякфинал баромад. Дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Дониёр Шамшаеви қазоқ ғолиб омад. Вале Хоҷазода дар даври ниманиҳоӣ аз Соичи Ҳашимотои ҷопонӣ мағлуб шуд. Беҳрӯз барои нишони биринҷӣ бар Қингдага аз Чин ғалаба кард.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 варзишгар (7 мард ва 4 зан) дар мусобиқоти ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки рӯзҳои 24-26-уми сентябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор шуд, ширкат кард. Дар ин мусобиқот 203 варзишгар (115 мард ва 88 зан) аз 28 кишвари қораи Осиё иштирок намуданд.

Дар рӯзи аввали мусобиқот ду паҳлавони тоҷик - Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг) ва Обид Ҷебов (-66 кг) - лар рақобатҳо байни мардон барои медали биринҷӣ мубориза бурда, ноком шуданд ва дар натиҷа ҳарду мақоми панҷумро соҳиб шуданд.

Дар мусобиқаи занон ду варзишгари тоҷик – Аҳлия Муъминова (-52 кг) ва Мавлуда Одинаева (-63 кг) - мақоми ҳафтумро касб карданд. Мадина Қурбонзода (-48 кг) ва Фазилат Гулбоева (-57 кг) бошанд, дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Ҳамин тариқ, се медали Тоҷикистон дар ин бозиҳо ба варзишгарони тоҷик дар риштаи ҷудо мутааллиқ аст.

Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи ҷудо дар Ҳангжоу ягона ҳакам аз Тоҷикистон Рамзӣ Шамиров, довари дараҷаи олимпӣ, буд. Ӯ рақобатҳои ҳалкунандаро ҳам дар мусобиқаи мардон ва ҳам дар мусобиқаи занон доварӣ кард.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳри Ҳангжоуи Чин то рӯзи 8-уми октябр идома меёбад, Тоҷикистонро беш аз 100 варзишгар намояндагӣ мекунад.

Ба барномаи бозиҳо 40 навъи варзиш (28 намуди олимпӣ ва 12 намуди ғайриолимпӣ) дохил аст. Варзишгарони тоҷик ба ҷуз аз ҷудо, дар риштаҳои бокс, варзиши сабук, куштии озод ва юнонию румӣ, вазнабардорӣ, ҷиу- ҷитсу, шиноварӣ, камонварӣ, тирандозӣ, таэквондо, каратэ, кураш ва ғайра ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Ба варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ дар Ҳангжоу нишони тилло мегиранд, ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба маблағи 150 000 сомонӣ, барандагони нишони нуқра 100 000 сомонӣ ва соҳибони нишони биринҷӣ 50 000 сомонӣ супурда мешавад.

Инчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар ин бозиҳо барандагони медали тилло мешаванд, хонаи сеҳуҷрагӣ, медали нуқра дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Бояд тазаккур дод, Бозиҳои тобистонаи осиёӣ шурӯъ аз соли 1951 дар ҳар чаҳор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ин ҳоло 30 медал гирифтааст, ки 5-тоаш нишони тилло, 7-тоаш нуқра ва 18-тоаш биринҷӣ мебошад. Се медали тиллоро Дилшод Назаров дар гурзандозӣ (2006, 2010, 2014) ва яктоӣ нишони тиллоро Ҷаҳон Қурбонов дар бокс (2006) ва Сомон Маҳмадбеков дар риштаи ҷудо (2023) ба даст овардаанд.

XS
SM
MD
LG