Додгоҳи ноҳияи Ашт Сорбон Раҳмоновро чордаҳ ҳазор сомонӣ ҷарима баст.
Ҳукми додгоҳ 4-уми августи соли 2023 баромадааст.
Вокуниши Сорбон Раҳмонов ва наздикони ӯ маълум нест.
Дар гузашта ҳомиёни ҳуқуқ гуфтаанд, шароити сангин ва "дедовшина" боис мешавад, ки ҷавонон аз рафтан ба артиш фирор кунанд.
Парвандаи ин ҷавонро Додгоҳи ноҳияи Ашт аз рӯйи моддаи 63-юми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон баррасӣ кардааст.
Додгоҳ дар шарҳи ин парванда навиштааст, "Сорбон Раҳмонов ба комиссияи даъват ҳозир нашуда, бе сабабҳои узрнок бо мақсади саркашӣ намудан аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Ашт ҳозир нашуда, ба самти номаълум ғайб зада, бо ин роҳ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, саркашӣ кардааст".
Як сабаби асосии сарпечии ҷавонон аз хидмати ҳарбии ҳатмиро баъзе аз сокинону ҳомиёни ҳуқуқ ба бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон рабт медиҳанд, ки гоҳо бо маргу маъюб шудани сарбозон меанҷомад.
Ваколатдори ҳуқуқи башар тобистони имсол гуфт, дар робита ба сарбозшикор ё даъвати маҷбурии ҷавонон ба артиш 11 касро ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Ба гуфтаи ӯ, бар зидди ин афрод соли гузашта додситонии ҳарбӣ парванда кушодааст, аммо натиҷаашро нагуфтанд.
Ба иттилои манбаъ, 11 нафар аз ҷумлаи мансабдорони ноҳияҳои Восеъ, Шаҳристон, Ҳисор, Кушониён, Рашт, Шоҳмансур, Ишкошим, Кӯлоб ва Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон буданд.
Дар Тоҷикистон ҳар баҳору тирамоҳ давоми чор моҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба артиш даъват мекунанд. Солҳост, ки мавсими даъват бо ҷалби иҷборӣ ё “облава” сари забонҳо мешавад. Мақомот борҳо ваъдаи ислоҳи вазъро доданд, вале омори “облава”-и ҷавонон кам нашудааст.
Гуфтугӯ