Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазорҳо сокини Қарабоғ ба Арманистон фирор карданд


Мақомоти Арманистон мегӯянд, то шоми 25 сентябр аллакай 6650 сокини Қарабоғи Куҳӣ хонаҳои худро тарк карда, ба он кишвар кӯч бастаанд.

Гурезаҳое, ки ҷойи зисти муайян надоранд, бо макони иқомати муваққатӣ таъмин хоҳанд шуд. Ҳамчунин марказҳои кумаки башардӯстона ташкил карда шудааст.

Дар роҳ аз Қарабоғи Куҳӣ ба Арманистон постгоҳи низомиёни Озарбойҷон аст. Аммо дар бораи монеъ шудани онҳо ба рафтани гурезаҳо то ҳол хабар дода нашудааст.

Ҳафтаи гузашта дар натиҷаи як амалиёти низомии Озарбойҷон мақомоти армании ҷумҳурии худхондаи Қаробоғи Кӯҳӣ, ки беш аз 30 сол боз вуҷуд дошт, ба Боку таслим шуданд.

Дар натиҷа бархе аз сокинони арманитабори Қарабоғи Куҳӣ хонаҳои худро ба қасди Арманистон тарк мекунанд. Сарвазир Никол Пашинян рӯзи якшанбе изҳор дошт, ки Арманистон омода аст сокинони армании Қаробоғро бипазирад.

Интизор меравад, тамоми қаламрави ин минтақа зери назорати Озарбойҷон гузарад. Дар ҳоли ҳозир музокирот дар бораи тарзҳои мутобиқ гардондани ҷомеаи арманиҳои Қаробоғи Кӯҳӣ дар ҳудуди Озарбойҷон идома дорад.

XS
SM
MD
LG