Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи душанбе барои иштирок дар иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва вохӯрии сарони давлатҳои "Осиёи Марказӣ -ИМА", ба Амрико сафар кард.
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент дар умури робитаҳои хориҷӣ, вазири тандурустӣ ва дигар афроди расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин сафар дар иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид суханронӣ мекунад.
Қаблан Ҷо Байден, президенти Амрико Эмомалӣ Раҳмонро барои нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даъват карда буд.
Гуфта мешавад, ки ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Амрико, яъне С5+1 санаҳои 19 ё 20-уми сентябр доир мегардад.
Чунин нишаст, як платформаи муколама ва талошҳои муштараки Иёлоти Муттаҳида ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мебошад.
Он пас аз ҷаласаи нахустини вазирони корҳои хориҷӣ дар Самарқанд, дар моҳи ноябри соли 2015 таъсис ёфт.
Қаблан мулоқоти ҷонибҳо дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешуданд. Ин бори аввал аст, ки мулоқоти мазкур дар сатҳи президентҳо доир мешавад.