Вакили мудофеъ Шавкатҷон Умаров ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукм 13-уми сентябр баромад. “Ҳукми зинаи аввал дар бораи 24 сол зиндонӣ кардани Александр Сёмин бекор шуд,” – афзуд ӯ.
Ҳукми аввали додгоҳ нисбат ба Сёмин 15-уми марти имсол содир шуд. Наздикони Ҳувайдо Тиллозода норозӣ буданд.
Шавкатҷон Умаров рӯзи 14-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳам додситон ва ҳам тарафи ҷабрдида аз ҳукми аввал норозӣ буданд. Вакили дифои Сёмин талаб кард, ки ӯ сафед карда шавад. Мо талаб кардем, ки ҷазо вазнинтар гардад. Додситон ҳам бо тарафи ҷабрдида ҳамрайъӣ нишон дод, вале додгоҳ Александр Сёминро ба ҳабси абад маҳкум кард.”
Бар асоси қонунгузории Русия, баъди қарори зинаи дуюм ҳукм ба иҷро медарояд. Ба ҳар ҳол, Александр Сёмин ҳақ дорад, то шаш моҳ аз рӯйи ҳукм шикоят барад. Худи ӯ пас аз баромадани ҳукми нав эътироз кардааст.
Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода, ки талабаш ба ҳабси абад маҳкум шудани қотили духтараш буд, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ аз ҳукми нав изҳори қаноатмандӣ кард. Саидов аз ҳамаи онҳое, ки давоми қариб панҷ соли ахир ӯро дастгирӣ карданд, изҳори сипос намуд.
Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд. Рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ ёфтанд.
Қатли ӯ аз қазияҳои пурсарусадо дар чанд соли гузашта буд. Ин фоҷиа муҳоҷирони тоҷик ва ҷомеаи Русияро такон дод ва ҷониби Тоҷикистон бо ирсоли нота аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифонаи қазияро хост.
Навор аз бойгонии Радиои Озодӣ:
Гуфтугӯ