Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъини сафири Чин дар Кобул. Ҳукумати "Толибон" хуш пазируфт, Ҷабҳа танқид кард


Сафорати Чин дар Афғонистон
Сафорати Чин дар Афғонистон

Чин (Хитой) кишвари нахустине шуд, ки сафирашро ба Афғонистон фиристод. Ин ҳамсояи Тоҷикистон зиёда аз ду сол боз зери итоати "Толибон" аст ва то кунун ҳеч давлат аморати исломии ин гуруҳи тундравро ба расмият нашинохтааст.

Намояндагони "Толибон" таъйини сафири нави Чинро хуш пазируфтанд, вале Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, як гурӯҳи мухолифи ҳокимони нави Кобул, танқид кард.

Жао Шенг, сафири нави Чин, рӯзи 13-уми сентябр боварномаашро ба Мулломуҳаммад Ҳасан Охунд, раиси вазирони ҳукумати "Толибон" супурд. Вай бо теъдоде аз мансабдорони ҳукумати ҳозираи Афғонистон низ мулоқот кард.

Вазорати корҳои хориҷии Чин дар эъломияе гуфт, "ин талош ба ҳадафи идомаи гуфтугӯҳо ва ҳамкорӣ миёни Чин ва Афғонистон сурат гирифт. Сиёсати Чин дар баробари Афғонистон рӯшан ва собит аст."

Сафорати Чин дар Кобул аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ҳукумати ҳозираи Афғонистонро ташвиқ кунанд, ки "шароитро барои гуфтугӯҳои сиёсӣ фароҳам оварад, аз сиёсатҳои нармтар кор гирад ва ба мубориза бо терроризм идома диҳад."

Ҳукумати "Толибон" аз ин иқдоми Чин истиқбол карда, аз кишварҳои дигар хостааст, бо онҳо робита барқарор кунанд.

Масъули робитаҳои хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ҳушдор додааст, “кишварҳое, ки талош мекунанд ҳукумати “Толибон”-ро ба расмият бишиносанд, робитаашонро бо мардуми Афғонистон ба хатар меандозанд.”

Алӣ Майсам Назарӣ дар шабакаи X (Твиттери пешин) навишт, ки Афғонистон шоҳиди таҳаввулоти сиёсии зиёде дар таърихи пурпечутоби худ будааст ва вақти "ҳукумати зулм ва ваҳшати Толибон ногузир ба поён мерасад".

Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон бинобар маҳдудиятҳои Толибон ба занону духтарон ва набудани ҳукумати фарогир, бо онҳо робитаҳои андак доранд.

Чин, ки иқтисоди дувуми ҷаҳон пас аз Амрико ба шумор меравад, дар ду соли гузашта ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо ҳукумати Толибон доштааст. Дар эъломияҳои Вазорати корҳои хориҷии Чин ва мақомҳои “Толибон” дар мавриди ба расмият шинохтани ҳокимони феълии Афғонистон аз тарафи Пекин ишорае нашудааст.

Чин ҳам, ки худаш ба нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам мешавад, то кунун дар мавриди маҳдудиятҳои “Толибон” ба кор ва омӯзиши занон ва духтарон чизе нагуфтааст. Таҳлилгарон ба ин боваранд, ки Чин майли зиёде ба сармоягузорӣ ба конҳои маъдани Афғонистон дорад ва аз тарафи дигар, дар саҳнаи рақобатҳои байнулмилалӣ мехоҳад дасти болотар дошта бошад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG