Раиси Кумитаи умури хориҷии Сенати Амрико талаб дорад, ки Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷӣ, санадҳоро дар бораи хуруҷи шитобкоронаи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида аз Афғонистон дар ихтиёри онҳо бигузорад. Майкл Маккоул гуфт, ин хуруҷи “фалокатбор” Амрикоро дар чашми ҷаҳониён заиф нишон дод ва ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ҷуръат бахшид, ки ба Украина ҳамла кунад.
Нерӯҳои Амрико дар моҳи августи соли 2021 аз Афғонистон баромаданд. Ин ҳолат сабаби ҳарҷу марҷ дар фурудгоҳи Кобул шуд. Мардуми зиёде мехостанд, аз тарси Толибон ватанашонро тарк кунанд.
Ҳоло ки ҷумҳурихоҳон Маҷлиси намояндагони Амрикоро дар даст доранд, Майк Маккоул, раиси Кумитаи умури хориҷӣ, мехоҳад, ба қавли худаш ин “фалокат”-ро таҳқиқ кунад.
Ба гуфтаи Майк Маккоул, ҳукумати Ҷо Байден Амрикоро дар чашми рақибонаш ба мисли Русияву Чин заиф нишон дода, ба раҳбарони онҳо ҷуръат бахшид.
Майк Маккоул, раиси Кумитаи умури хориҷии Маҷлиси намояндагони Амрико гуфт, “баъд аз муддати каме аз суқути Афғонистон, мо дар аксҳои моҳвораӣ ҳаракати нерӯҳои Русияро ба сӯйи Украина дидем. Инҷо суолҳои агар ва кай ҳамла кардани Путин набуд. Аз ончӣ мо дидем, ӯ қарор кард, ки вақташ расидааст. Мо сипас таҷовузро ба Украина дидем. Алъон ки мо суҳбат дорем, Сӣ Ҷинпинг ба Тайван таҳдид мекунад.”
Чанде аз вакилони демократ гуфтанд, худи ҳукумати Доналд Трампи ҷумҳурихоҳ санаи хуруҷи нерӯҳоро аз Афғонистон таъйин карда буд ва сипас Ҷо Байден омад ва ба ҷанги дарозтарини Амрико поён дод.
Бисёре аз вакилон, бомбгузории маргталабонаеро, ки ҳангоми хуруҷ 13 сарбози амрикоиро дар фурудгоҳи Кобул кушт, “ғафлати амниятӣ” номиданд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Майк Маккоул аз Блинкен хост, муколамаҳои дипломатии махсусро дар ихтиёри онҳо бигузорад. Аз ҷумла санадҳоеро, ки аз тариқи як канали махсуси дипломатӣ моҳи июли соли 2021 аз дипломатҳои мустақар дар Кобул гирифтаанд ва онҳо гуфтаанд, бо назардошти пешравии босуръати Толибон мумкин аст ҳукумати Афғонистон суқут кунад.
Аз тариқи ин канали махсус дипломатҳои Вазорати умури хориҷии Амрико ҳақ доранд, бидуни биму тарс аз танбеҳ, назарҳои гуногун ва ё мухолифи худро дар бораи масоили фаврӣ ва ҷиддии умури хориҷӣ ба вазир бирасонанд.
Блинкен гуфт, вазорат бо кумита кор мекунад ва то ҳоло ҳазорон саҳифа аз нақшаи берун овардани сафоратро дар ихтиёри кумита гузоштааст, вале санадҳои канали махсусро ҳеч гоҳ нахоҳад дод.
Энтони Блинкен гуфт, “барои ман ҳифзи якпорчагии канали махсус ҳаётист ва мо ҳеч қадаме намебардорем, ки дар оянда онҳоеро ки мехоҳанд, доир ба сиёсатҳои пешгирифтаи мо дидгоҳҳои мухолифи худро баён доранд, дилсард кунад.”
Маккоул ба Блинкен як ҳафта фурсат дода буд, то муколамаҳои маҳрамонаро ба онҳо бидиҳад, вагарна бо даъвати расмӣ ба порлумон онҳоро хоҳад гирифт. Ба гуфтааш, амрикоиҳо ҳақ доранд, ба пурсишҳо дар бораи хуруҷи Амрико, суқути ҳукумати Афғонистон ва ба дасти Толибон афтодани он ҷавоб бигиранд.
Гуфтугӯ