Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндагони TikTok бо мақомоти Қирғизистон гуфтугӯ мекунанд


Мудири шабакаи иҷтимоии TikTok оид ба робита бо мақомот ва масоили корпоративӣ дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, барои гуфтугӯ бо мақомоти Қирғизистон ба Бишкек рафтааст.

Намояндаи Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон Бектур Иброҳимов гуфт, намояндагони Девони вазирони Қирғизистон бо масъулони шабакаи иҷтимоии мазкур мулоқот кардаанд.

"Мо шарт гузоштем, ки маҳдудияти синну сол ва мутобиқсозии қоидаҳои шабакаи иҷтимоӣ бо қонунгузории Қирғизистон анҷом дода шавад. Онҳо гуфтанд, ки аз ҷиҳати техникӣ ин кор мушкил аст. Гуфтугуҳо идома доранд", - афзуд Иброҳимов.

Пештар Вазорати фарҳанги Қирғизистон гуфта буд, тасмим дорад, шабакаи иҷтимоии "ТикТок"-ро дар қаламрави Қирғизистон бандад.

Дар хадамоти матбуотии вазорат 30 август гуфтанд, ки ин тасмим баъди омӯзиши муҳтавои шабакаи иҷтимоӣ гирифта шудааст.

Ба гуфтаи масъулони вазорат, шабака барои дастрасӣ ба иттилооте, ки ба саломатӣ ва рушди кӯдакон зарар дорад, маҳдудият ҷорӣ намекунад.

Мониторинги муҳтавои "ТикТок" гӯиё бар асоси дархости як қатор созмонҳои ғайридавлатии он кишвар, ки гуфтаанд, шабакаи мазкур ба руҳия ва саломатии кудакон зараровар мебошад", анҷом шудааст.

Манбаъ мегӯяд, қарори бастани "ТикТок" ба Вазорати рушди рақамии Қирғизистон, ки масъули иҷрои он аст, аллакай фиристода шудааст.

Қаблан низ дар порлумони Қирғизистон борҳо пешниҳод шуда буд, ки "ТикТок" дар он кишвар баста шавад.

XS
SM
MD
LG