Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати мунтахаби бокси Тоҷикистон дар Бозиҳои XIX Осиё муайян шуд


Дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон дар ҳайати 13 варзишгар (7 мард ва 6 зан) дар Бозиҳои XIX Осиё, ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, дар мусобиқаи мардон Меҳрон Шафиев (-51 кг), Асрор Воҳидов (-57 кг), Баҳодур Усмонов (-63,5 кг), Довуд Маҳкамов (-71 кг), Шаббос Неъматуллоев (-80 кг), Давлат Болтаев (-92 кг) ва Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг) рақобат хоҳанд кард.

Дар мусобиқаи занон Рӯҳафзо Ҳақназарова (-50 кг), Нигора Олимова (-54 кг), Миҷгона Самадова (-57 кг), Бибинишастамоҳ Холова (-60 кг), Шоира Зулқайнарова (-66 кг) ва Меҳриноз Музаффарзода (-75 кг) ҳунарнамоӣ мекунанд.

Дар рақобатҳои бокс аз рӯи барномаи Бозиҳои XIX Осиё, ки мусобиқоти интихобист, муштзанҳо барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024 мубориза мебаранд.

Зимнан, Кумитаи байнулмилалии олимпӣ, ки қаблан Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс (IBA)-ро эътироф накарда буд, ин созмонро аз ҳаққи гузаронидани мусобиқоти интихобии олимпӣ маҳрум намуд.

Мусобиқоти бокс аз рӯи барномаи Бозиҳои олимпӣ, ки бо кумитаи тадорукоти Олимпиадаи Париж-2024 мувофиқа шудааст, дар 13 вазн (7 вазн миёни мардон ва 6 вазн миёни занон) сурат мегирад.

Барои иштирок дар Бозиҳои XIX Осиё аз ҷониби 45 кумитаи миллии олимпии аъзои Шӯрои олимпии қора ба кумитаи тадорукоти бозиҳо дархост пешниҳод шудааст.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар Бозиҳои XIX Осиё дар Ҳангжоуи Чин беш аз 100 варзишгари тоҷик ширкат хоҳад кард.

Ба барномаи бозиҳо 40 навъи варзиш (28 намуди олимпӣ ва 12 намуди ғайриолимпӣ) дохил аст. Иштироки варзишгарони тоҷик дар риштаҳои ҷудо, бокс, варзиши сабук, куштии озод ва юнонию румӣ, вазнабардорӣ, шиноварӣ, камонварӣ, тирандозӣ, таэквондо, каратэ, кураш ва шоҳмот дар назар аст.

Мусобиқаҳо дар 54 майдони варзишӣ дар Ҳангжоу ва 5 шаҳри музофоти Чжетсзян - Нинбо, Вэнчжоу, Сзинхуа, Шаосине ва Ҳучжоу доир мегарданд.

Зимнан, Бозиҳои XIX Осиё дар Ҳангжоу бояд аз 10-ум то 25-уми сентябри соли 2022 баргузор мешуданд, аммо бо сабаби афзоиши ҳолатҳои сироят аз COVID-19-и навъи «Омикрон», қарор шуд, ки он то тирамоҳи имсол мавқуф гузошта шавад. Ин тасмим аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё гирифта шуд.

Бозиҳои Осиё шурӯъ аз соли 1951 ҳар чор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ин дам 27 медал ба даст овардааст, ки 4-тоаш нишони тилло, 6-тоаш нуқра ва 17-тоаш биринҷӣ мебошад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG