Ҳоҷимурод Азимови 19 сола, сокини ноҳияи Қумсангир дар яке аз сохтмонҳои минтақаи "Люблино" кор мекард ва рӯзи 29-уми август ҳангоми иҷрои кор аз баландии 25-ум ошёна афтида, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ба гуфтаи пайвандонаш ӯ як сол пеш барои кор ба Маскав омада, ҳамагӣ 2 рӯзи пеш дар сохтмони "Люблино" ба кор шурӯъ карда буд.
Ҳоло наздикон барои интиқоли тобути ин ҷавон ба ватан аз афроди хайрхоҳ кӯмак хостаанд.
Ҳамасола аз Русия ба Тоҷикистон то ҳазор тобути муҳоҷиронро меоранд, ки дар пайи беморӣ, садама ва ҳодисаҳои дигари нохуш ҷони худро аз даcт додаанд.