Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фазилат ва Мафтунаро зери харобаҳои Туркия меҷӯянд. ВИДЕО


Фазилат Майлибоева ва Мафтуна Қурбонова
Фазилат Майлибоева ва Мафтуна Қурбонова

Фазилат Майлибоева ва Мафтуна Қурбонова, ду донишҷӯ аз Узбекистон пас аз заминларза дар Туркия бенишон шуданд. Онҳо дар донишгоҳи шаҳри Қаҳрамонмараш мехонданд. То ҳоло зинда ё мурда будани онҳо маълум нест.

Бар асари заминларзаи сахт дар аввали моҳи феврал дар Туркия ва Сурия даҳҳо ҳазор нафар зери харобаҳо ҳалок шуданд.

Модари Фазилат барои кофтукови духтараш аз Тошканд ба Туркия рафта буд, вале ӯро наёфта баргашт. Модари Мафтуна Қурбонова ҳам дар ҷустуҷӯи фарзандаш аст, аммо то кунун аз ӯ хабаре наёфтааст. Хонае, ки Фазилат ва Мафтуна дар он зиндагӣ мекарданд, аз заминҷунбӣ вайрон шуда, ҳашт рӯз сӯхтааст. Барои ҳамин ҳам ҷасадҳое, ки аз зери хароба ёфтаанд, шинохта намешавад. Додситонии Қаҳрамонмараш барои шиносои қурбониён санҷиши ДНК мегузаронад.

Наргиза Майлибоева, модари Фазилат мегӯяд, вақте ба он маҳал расид, хонаи харобшудаи духтараш месӯхт.

“Ҳама мурдаҳоро дидам, ба гӯристонҳо рафтам. Ҷасадҳоро кушода дидам, дар он ҷо мурдаи духтарам нест. Бо чашми худ одамони сӯхтаро дидам, духтарам дар онҷо нест, натавонистам пайдо кунам,”--нақл кард, ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Фазилат пеш аз заминларза дар донишгоҳи Қаҳрамонмараш мехонд. Ҳамроҳи ӯ як донишомӯзи дигари узбекистонӣ Мафтуна Қурбонова низ гум шудааст. Гузал, донишҷӯи узбекистонӣ дар ёфтани онҳо ёрӣ мерасонад. Талош дорад, зинда ё мурда будани онҳоро аниқ кунад. Ӯ гуфт: “Фазилат барои таҳсил ба донишгоҳи иқтисод омад. Мафтуна дар соли дуввуми бахши момодоягӣ мехонд. Ҳама дар як донишгоҳ дарс мехондем. Аз Узбекистон даҳ донишҷӯ дар “Қаҳрамонмараш Сутчу Имоми Университети" таҳсил мекунанд.”

Гузал дар рӯзи заминҷунбӣ дар Измир буд. Ба гуфтаи ӯ, биное, ки дар он зиндагӣ мекарданд, ҳашт рӯз сӯхтааст.

“Чор бино – блокҳои “A”, “B”, “С” “Д” ба болои ҳам ғалтидаанд. Онҳо 8 рӯз сӯхтаанд. Ба ҳамин сабаб ҷасадҳоро аз зери вайронаҳо бо ҳолати шинохтанашаванда берун овардаанд. Бисёрии мурдаҳо сӯхтаанд. Ба ҳамин далел ҳеҷ натиҷае ба даст оварда наметавонем. Интизори санҷиши ДНК бошед, гуфтанд дар додстонии Қаҳрамонмараш,”-афзуд, Гузал.

Наргиза духтарашро дар Туркия наёфта, ба тошкант баргашт. Ӯ аз идораҳои давлатии Узбекистон ёрӣ хостааст, аммо аз онхо ҳам ҷавоби рӯшане нест.

“Ҳоло дар Узбекистон мебошам. Пас аз омаданам ба ин ҷо ба Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорти корҳои хориҷии кишвар рафтам. Ба сафоратҳо низ рафтам, вале гуфтанд, ки онҳо рӯзҳои шанбе ва якшанбе кор намекардаанд. “Ду рӯз саросема нашуда шинед”- гуфтанд. Ҳамин хел маро фақат нигоҳдошта истодаанд,”—гуфт ӯ.

Наргиза модари ҳафт фарзанд мебошад. Ӯ барои расондани кӯмак ба оилааш бо мошини “Лабо” бор мекашонад. Ӯ гуфт: “Ҳафт фарзанд дорам. Бевазан ҳастам. Чортояшон фарзандони худам ҳастанд ва ду нафарашон маъюб. Се бачаи дигарро ба фарзандӣ қабул кардаам. Аз корам шарм намедорам, “Лабо”- ро худам меронам.”

Наргиза ният дорад, ки боз ба Қаҳрамонмараш равад ва суратҳои духтарашро паҳн кунад. Ӯ ноумед нест: “Ноумед нашудаам. Модар ҳис мекунад. Ҳанӯз ҳам фикр мекунам, ки бачаам намурдааст. Имрӯз духтарам ба хобам даромад: “Оча, ман зиндаам! Умеди худро аз даст надиҳед,"- гуфт ба ман. Ман ба ростӣ умедамро аз зинда будани бачаам канданӣ будам.”

Заминларзаи субҳи 6-уми феврал дар Туркия ва Сурия вайрониҳои зиёде дар пай дошт. Ба гуфтаи мақомоти Созмони Милали Муттаҳид, ин зилзила ба ҳаёти 23 миллион нафар дар ин ду кишвар таъсир расондааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG