Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Муҳаммадиқболи Садриддин гуфт, аҳволи падараш бад шудааст


Муҳаммадиқболи Садриддин
Муҳаммадиқболи Садриддин

Писари Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, падараш рӯзи гузашта бемор шудааст ва ҳоло дар шуъбаи эҳёгарии яке аз шифохонаҳои Фаронса бистарӣ аст.

Умар Муҳаммадиқболиён рӯзи 28-уми август бо нашри аксҳои падараш дар Фейсбук навиштааст, ки ҳоли Муҳаммадиқболи Садриддин пас аз зуҳри дирӯз бад шуд ва аз ҳуш рафт. Дар ин аксҳо ӯ бо чашмони баста, дар бистари беморист.

Ба қавли Умар Муҳаммадиқболиён падараш чанд рӯзи ахир машғули навиштан буд ва тақрибан намехобид. Яке аз дӯстони Муҳаммадиқболи Садриддин ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ бемории қанд дорад ва ба сабаби афзоиши мизони қанд, аҳволи ӯ бад шудааст.

Муҳаммадиқболи Садриддини 44-сола дар Фаронса паноҳҷӯст ва дар вебсайти "Ислоҳ"-у саҳифаҳои ҳамноми он дар шабакаҳои иҷтимоӣ амалкардҳои ҳукуматро бо лаҳни тунд танқид ва мушкилоти гуногуни иқтисодиву иҷтимоии мардумро ба таври густурда инъикос мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон чанд моҳ пеш ба Фаронса дархости истирдоди Муҳаммадиқболи Садриддинро фиристода, гуфтаанд, ӯро ба қаллобӣ дар соли 2010 гумонбар медонанд. Муҳаммадиқболи Садриддин гуфт, парвандааш ангезаи сиёсӣ дорад.

Саҳифаҳои ӯро додгоҳи Тоҷикистон ифротӣ эълон кардааст ва дастрасӣ ба онҳо дар кишвар манъ аст.

XS
SM
MD
LG