Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел 13 нафарро дар Тоҷикистон кушт ва хонаҳои мардумро вайрон кард.ВИДЕО


Дар натиҷаи селу обхезӣ хонаву роҳҳои зиёде осеб диданд.
Дар натиҷаи селу обхезӣ хонаву роҳҳои зиёде осеб диданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҷузъиёти фалокатҳои табиӣ дар қаламрави Тоҷикистонро нашр кард ва гуфт, селу обхезӣ дар умум ба 9 шаҳру ноҳияҳои кишвар осеб расонидаанд.

Танҳо дар шаҳри Ваҳдат 11 нафар, аз ҷумла 8 марду 3 зан ба ҳалокат расидаанд. Дар баёнияи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз рӯзи 28-уми август омадааст, ки “27 августи соли 2023 боронҳои пуршиддат дар қаламрави кишвар боиси омадани селҳо, сангрезиш ва ярч дар ҳудуди шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Деваштич, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод шуданд. Мутаассифона, ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ доштанд.”

Дар маҷмуъ 13 нафар ба ҳалокат расидаанд, вале бино гузоришҳо, теъдоди қурбониён метавонад, бештар бошад, чун поксозӣ ва рафъи оқибатҳои фалокат идома дорад. Ба гуфтаи кумита "дар ҷамоати Роҳатӣ 15 мошин дар гил монд ва мутаассифона 2 нафар ба ҳалокат расиданд."

Дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ҳам бинобар дар ярчу сел 15 мошин зери гилу санг мондааст. Дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Рашт ҳам сел ба иншооти гуногун аз ҷумла роҳу хонаҳо осеб расонидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, ки мақомоти баландпоя барои ошноӣ бо вазъ ба маҳаллҳои ҳодиса дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ рафтаанд ва аз ҳукумат супориш гирифтаанд, ки ба “ҳама оилаҳои зарардида кумаки лозимӣ расонда шавад.» Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба наздикони қурбониён ҳамдардӣ баён кардааст.

Сел деҳаи Тангаӣ дар Ваҳдатро вайрону валангор кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00

Бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон шаби гузашта шоҳиди тундбод ва боронгариҳои сахт буданд. Дар шаҳри Душанбе дар пайи тундбод ва борони сахт нерӯи барқ барои чанд соат қатъ шуд. Бисёре аз қисматҳои пойтахти Тоҷикистон шаби гузашта аз оби ошомиданӣ маҳрум буданд.

Ширкати IRS, мутассаддии нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, гуфт, ки бар асари сел ва резиши санг роҳ осеби ҷиддӣ дидааст. Ширкат гуфтааст, ки роҳ боз аст, поксозӣ идома дорад.

Чанде аз корбарон рӯзи 27-уми август бо фиристодани видео аз ҷойи ҳодиса дар масири Душанбе-Чаноқ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, сел роҳи хонаҳоро гирифта, заминҳои кишт ҳам зери об мондаанд.

Радиои Озодӣ мавзӯъро пайгирӣ дорад, барои ҳамин бозгашт ба вебсайти моро фаромӯш накунед.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG