Ёсин дар вазни то 60 кило дар даври аввал озод буд. Баъдан ӯ дар даврҳои баъдӣ бо мағлуб кардани Лай Мин-Янг аз Тайпейи Чин, Бруно Нобрега аз Бразилия, Данюло Кравченко аз Украина ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале Ёсин дар нимфинал аз Ижак Ашпиз аз Исроил мағлуб шуда, барои медали биринҷӣ Тудор Мосоиро аз Руминия шикаст дод.
Зимнан, бо ин дастовард Ёсин пас аз 6 сол барои Тоҷикистон нишони биринҷии қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни наврасонро овард. Ҳамчунин, ин сеюмин медали биринҷии наврасон дар таърихи ҷудои тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон ба шумор меравад.
Ғолиб ва ҷоизадорони вазни -60 кг:
1. Ижак Ашпиз (Исроил)
2. Муҳаммад Мӯсоев (Озарбойҷон)
3. Ёсин Бобокалонов (Тоҷикистон)
3. Симас Поликевисиус (Литва)
Имрӯз, 25-уми август, намояндаи охирини Тоҷикистон Аминҷон Абдуҷалилзода (-73 кг) вориди рақобат шуд. Ӯ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Сулаймон Шукуров (Озарбойҷон) мағлуб гашт.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ Мадина Қурбонзода (-48 кг), Лоиқ Қутбиддинов (-55 кг), Икром Шамсов (-55 кг), Ёсин Бобокалонов (-60 кг), Ворис Назаров (-66 кг), Муҳаммадамин Лоиқов (-66 кг) ва Аминҷон Абдуҷалилзода (-73 кг) муаррифӣ карданд. Аз миёни онҳо танҳо Ёсин Бобокалонов медал гирифт.
Мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Загреби Хорватия бо иштироки 576 варзишгари наврас (316 писар ва 260 духтар) аз 64 кишвар то рӯзи 26-уми август идома меёбад.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ мешаванд. Ҳамчунин, варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар радабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ имтиёз ба даст меоранд.
Гуфтугӯ