Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии ҷанҷоли сокинони деҳаи Лакат бо милисаҳо дар додгоҳ. ВИДЕО


Акс аз навори корбарон
Акс аз навори корбарон

Додгоҳи шаҳри Истаравшан пас аз ҳудуди се моҳи таниши доманадор мурофиаи пурсарусадои ҷанҷоли сокинони деҳаи Лакат бо маъмурони милисаро оғоз кард.

Аммо ба хабарнигори Озодӣ иҷоза надоданд, ки дар ин муҳокима ширкат кунад.

Мурофиаи додгоҳии сокинони боздоштшудаи Лакат, рӯзи 22-юми август шурӯъ шуд ва дар курсии айбдорӣ чаҳор нафар нишастаанд. Ҳарчанд пеш аз ин шаҳрдори Истаравшан ва Додситони вилояти Суғд ба хабарнигорон аз боздошти панҷ нафар хабар дода буданд.

Ба гуфтаи Вазорати корҳои дохилӣ, ин афрод "дар эҷоди монеа ва латукӯби маъмурони пулис" гумонбар мешаванд.

Се корманди шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Истаравшан ва як зане, ки дар дохили мошини онҳо буд, дар муҳокима ба ҳайси ҷабрдида ҳузур доранд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ ба муҳокимаи баҳси сокинони деҳаи Лакат бо милиса роҳ наёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:02 0:00

Ҳамчунин духтари ноболиғе, ки қаблан бо наздиконаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз рафтори ғайриахлоқии милисаҳо шикоят карда буд, дар канори модару ва дигар наздиконаш дар додгоҳ ширкат кард.

Додрасии ин муҳокимаро, раиси додгоҳи Истаравшан Суҳроб Муродализода бар душ дорад ва ӯ хабарнигори Радиои Озодӣ, Фарзон Муҳаммадиро, ки пеш аз шурӯи муҳокима ҳамроҳи дигар ширкатдорон ба толор ворид шуда буд, берун кард.

Муродализода, дар ҳузури иштирокчиён гуфт, ки судшавандаҳо ва ҷабрдидаҳо ба ширкати хабарнигор дар ҷарраёни муҳокима розӣ нестанд. Маҳкумшавандаҳо ҳам ин гуфтаи раиси додгоҳро бо ишора тасдиқ карданд.

Ҳамчунин аксар сокинон ва пайвандони боздоштшудаҳо, ки барои ширкат дар мурофиа омада буданд, ба толор роҳ дода нашуданд.

Ҷанҷоли сокинони Истаравшан бо маъмурони милиса охири моҳи майи имсол сурат гирифта, боиси баҳсу баррасии зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст. Бархе гуфтаанд, агар сокинони Истаравшанро барои ҳамла ба кормандони пулис боздошт кардаанд, бояд аъмоли милисаҳо ҳам таҳқиқ ва муҳокима шавад.

Мақомоти шаҳри Истаравшан оғози моҳи август, ҷанҷоли сокинони Лакат бо маъмурони милисаро расман шарҳ дода, гуфтанд, масъала ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи артиш рабт дорад ва милисаҳо ба ин деҳа барои боздошти ҷавоне рафта буданд, ки аз хидмати ҳарбӣ сарпечӣ мекард.

Мақомоти Додситонии Вилояти Суғд ҳам гуфтанд, зану духтаре, ки дар дохили мошини милисаҳо буданд, барои кӯмак дар дарёфти ҷавони синни даъватӣ рафтаанд.

Аммо пайвандони боздоштшудагон қаблан ба Озодӣ гуфта буданд, сабаби ҷанҷол ба масъалаи ахлоқӣ бо як ноболиғдухтари деҳаи Лакат рабт дорад.

Хонаводае дар ин деҳа иддао карда буд, ки маъмури милиса духтари ноболиғи онҳоро маҷбурӣ ба мошин бор карда, "пешниҳодҳои гуногун додаанд", аммо ба гуфтаи онҳо мақомот ба ҷойи расидан ба додашон баръакс ба онҳо фишор овардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG