Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқоти донишҷӯён дар Екатеринбург


Абубакр Шеров.
Абубакр Шеров.

Абубакр Шеров, варзишгари тоҷик, дар Фестивал ё Ҷашнвораи байналмилалии варзишгарони донишгоҳҳо бахшида ба 300-солагии шаҳри Екатеринбурги Русия дар риштаи ҷудо медали тилло ба даст овард.

Ин паҳлавони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо дар вазни то 73 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, мақоми аввалро касб кард. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, довари дараҷаи байналмилалӣ, 22-юми август аз шаҳри Екатеринбург хабар дод.

Зимнан, Абубакр Шеров дар Ҷоми бози Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон, ки моҳи июли имсол дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, дар вазни то 73 кило медали тилло ба даст оварда буд.

Ба иттилои Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ҳайати варзишии кишвар шоми душанбеи 20-уми август бо шумули 50 кас, ки 37 нафарашон варзишгаранд, бо раҳбарии Шодӣ Сафаров, раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Фестивали байналмилалии варзишгарони донишгоҳҳо ширкат дошт.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Фестивал, ки 14 намудро дарбар мегирад, варзишгарони донишҷӯ аз 36 кишвар то рӯзи 28-уми август рақобат мекунанд.

Ин ҷашнвора дар доираи чорабинии бузурги «Екатеринбург – ЭКСПО» доир шудааст. Маросими пуршукӯҳи ифтитоҳи ҷашнвора дар толори «Конгреес-марказ» баргузор шуд. Дар маросим табрикоти президенти Русияро ба иштироккунандагони ҷашнвора Игор Левитин, ёвари Владимир Путин, қироат кард.

Вазири варзиши Русия Олег Матитсин, губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев ва муовини сарвазири Русия Дмитрий Чернишенко ширкаткунандагони ҷашнвора ва меҳмононро хайра мақдам гуфта, ба варзишгарони донишҷӯ муваффақият хостанд.

Пеш аз оғози маросими кушодашавии ҷашнвора консули кулли Тоҷикистон дар Екатеринбурги Русия Зафар Сайидзода бо ҳайати варзишии Тоҷикистон мулоқот карда, ба варзишгарони донишҷӯ комёбиҳо орзу намуд. Ӯ гуфт, ки чорабиниҳои Фестивал ба ҷалб намудани ҷавонон ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳкими дӯстӣ миёни варзишгарони донишгоҳҳои кишварҳои мухталиф ва тарғиби ғояҳои сулҳҷӯёнаи ҳаракати байналмилалии варзишӣ нигаронида шудааст.»

Дар рӯзҳои аввали мусобиқот Миҷгона Самадзодв, варзишгари маъруфи тоҷик, ки дар риштаи бокс дар вазни то 51 кило миёни духтарон ба финал баромад, 22-юми август барои медали тилло бо муштзани русиягӣ талош меварзад.

Дар рақобатҳо дар риштаи ҷудо боз се намояндаи Тоҷикистон – Беҳрӯз Абдураҳмонов (-90 кг), Акобири Абубакр (-100 кг) ва Улуғбек Раҳимов (+100 кг) 22-юми август ба рақобат мепардозанд.

Имрӯз 5 варзишгари тоҷик дар риштаи бокс, ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд, муборизаро идома медиҳанд. Яке аз онҳо Дилдода Осақолова мебошад, ки дар вазни то 54 кило миёни духтарон ҳунарнамоӣ дорад. Инчунин имрӯз 5 шиновари тоҷик вориди рақобат мешавад.

Рӯзи 25-уми август дар риштаи гуштии озод як нафар, рӯзи 26-уми август дар намудҳои самбои варзишӣ ва самбои размӣ 7 нафар Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳанд кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG