Дар нахустин бозии дӯстона футзалбозони тоҷик бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуданд. Дар ҳайати “Истиқлол” Рустам Ҳамидов се гол зада, “хет-трик” кард. Ду голи дигарро Шавкат Халилов ва Комрон Алиев ба самар расонданд.
Бозии дуюми дӯстона, ки дар Боку 17-уми август баргузор шуд, бо пирӯзии футзалбозони Озарбойҷон бо ҳисоби 4:1 анҷом ёфт.
Бояд гуфт, ки "Ораз-Нахҷувон" яке аз дастаҳои пурқуввати Аврупо буда, ду маротиба ба даври ниманиҳоии Ҷоми футзали УЕФА роҳ ёфтааст. Ин даста қаҳрамони 17-каратаи Озарбойҷон буда, дар Лигаи қаҳрамонҳои футзали УЕФА иштирок кардааст.
Ёдовар мешавем, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе баъди натиҷагирии бозиҳои даври ҳафтум дар Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2023 пешсафи ягона мебошад.
Дар даври ҳафтуми мусобиқот «Истиқлол» дастаи «Пойтахт»-и Душанберо бо ҳисоби бузурги 12:2 шикаст дод. «Соро компания»-и Душанбе бо ҳисоби боз ҳам калонтар - 15:2 – «Самандар»-и шаҳри Турсунзодаро мағлуб кард. Бозии дигар миёни футзалбозони «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва «Амонатбонк»-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.
Ҳамин тариқ, баъди натиҷагирии бозиҳои даври ҳафтум дар ҷадвали мусобиқот «Истиқлол» бо касби 19 имтиёз дар ҷои аввал аст. «Соро компания» бо касби 16 имтиёз дар ҷои дувум ва «Амонатбонк» бо касби 10 имтиёз дар ҷои севум қарор доранд.
Бозиҳои даври 18-уми Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2023 рӯзҳои 19-20-уми август барпо мегарданд.
Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2023
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Тӯбҳо |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
7 |
6 |
1 |
0 |
55-6 |
19 |
2 |
«Соро компания» (Душанбе) |
7 |
5 |
1 |
1 |
51-18 |
16 |
3 |
«Амонатбонк» (Душанбе) |
7 |
3 |
1 |
3 |
29-22 |
10 |
4 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
7 |
2 |
2 |
3 |
24-45 |
8 |
5 |
«Пойтахт» (Душанбе) |
7 |
1 |
1 |
5 |
18-54 |
4 |
6 |
«Самандар» (Турсунзода) |
7 |
1 |
0 |
6 |
19-51 |
3 |
Нишонзанҳо: Самандар Ризомов («Соро компания») – 10 тӯб, Муҳаммадҷон Шарипов («Соро компания»), Раҳмоналӣ Шарипов («Истиқлол») – 8 тӯб, Рустам Ҳамидов («Истиқлол») – 7 тӯб.
Даври 8-ум
19 август (шанбе)
«Самандар» – «Истиқлол»
«Соро компания» – «Истаравшан»
20 август (якшанбе)
«Пойтахт» – «Амонатбонк»
Гуфтугӯ