Ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, Фаворис Музрапов дар мусобиқоти навбатии қаҳрамонии ҷаҳон дар давидан ба масофаи 100 метр ширкат меварзад. Зимнан, ӯ ягона варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки бо квотаи Ташкилоти байналмилалии варзиши сабук дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ ҳунарнамоӣ мекунад.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Будапешт ширкати ҳудуди 2000 варзишгар аз наздики 200 кишвар дар назар аст.
Варзишгароне, ки дар ин мусобиқот рекорди ҷаҳонӣ мегузоранд, бо ҷоизаи вижаи молӣ ба маблағи 100 ҳазор доллар мукофотонида мешаванд.
Ҳамчунин маблағи умумии ҷоизаҳои молӣ дар рақобатҳои инфиродӣ ва даставӣ 8 миллиону 498 ҳазор долларро ташкил медиҳад:
Мусобиқоти инфиродӣ: медали тилло – 70 ҳазор доллар, нуқра – 35 ҳазор доллар, биринҷӣ – 22 ҳазор доллар, ҷои чаҳорум - 16 ҳазор доллар, ҷои панҷум - 11 ҳазор доллар, ҷои шашум - 7 ҳазор доллар, ҷои ҳафтум - 6 ҳазор доллар, ҷои ҳаштум – 5 ҳазор доллар.
Эстафета (барои даста): медали тилло – 80 ҳазор доллар, нуқра – 40 ҳазор доллар, биринҷӣ – 20 ҳазор доллар, ҷои чаҳорум - 16 ҳазор доллар, ҷои панҷум - 12 ҳазор доллар, ҷои шашум - 8 ҳазор доллар, ҷои ҳафтум - 6 ҳазор доллар, ҷои ҳаштум – 4 ҳазор доллар.
Бояд зикр намуд, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук ҳамагӣ се медал (ду тилло ва як нуқра) ба даст овардаанд.
Ду медали тилло ба гурзандози машҳури тоҷик, қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1992 дар Барселонаи Испания Андрей Абдувалиев марбут аст. Ӯ соли 1993 дар Штутгарти Олмон ва соли 1995 дар Ҳётеборги Шведсия медали тилло гирифтааст.
Гурзандози дигари маъруфи тоҷик, қаҳрамони Олимпиадаи соли 2016 дар шаҳри Рио-Де-Жанейрои Бразилия Дилшод Назаров бошад, соли 2015 дар Пекини Чин соҳиби медали нуқра гардидааст.
Гуфтугӯ