Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Тоҷикистон барои мурооти ҳуқуқи инсон "камар бастааст"?


Мақомоти Тоҷикистон чанде пеш Дафтари мустақили ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро бастанд.
Мақомоти Тоҷикистон чанде пеш Дафтари мустақили ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро бастанд.

Ҳукумати Тоҷикистон санади наверо дар бораи риояти ҳуқуқи инсон қабул кардааст ва дар замоне, ки пайваста барои беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи бунёдии мардум дар арсаи байналмилал танқид мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон санади наверо дар бораи риояти ҳуқуқи инсон қабул кардааст ва дар замоне, ки пайваста барои беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи бунёдии мардум дар арсаи байналмилал танқид мешавад.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 11-уми август хабар дод, ки ҳукумат рӯзи 5-уми август Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038-ро тасдиқ кардаааст.

Ба гуфтаи муаллифонаш, дар ин санад маҷмуи чорабиниҳое пешбинӣ шудаанд, ки иҷрои онҳо ба таҳкиму рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишвар мусоидат мекунад. Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон чанд соли ахир барои саркӯби мухолифону дигарандешон, беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи бунёдии мардум, аз ҷумла ҳуқуқи маданӣ, ҳуқуқи мазҳабӣ ва дигар ҳуқуқи оддии инсон танқид мешавад.

Дар кишвар танҳо соли гузашта 7 хабарнигору блогерро бо иттиҳомоти гуногун, ки ҳомиёни ҳуқуқ сохтаву бофта номидаанд, ба зиндон маҳкум кардаанд. Ҳарчанд худашон гуфтаанд, кори хатое накардаанд ва аз ҳаққи худ барои озодии баён истифода бурдаанд.

Чанде пеш Кумисюни байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ Тоҷикистонро барои помол кардани ҳуқуқи динии мардум танқид кард ва дигарбора онро дар радифи “кишварҳои мавриди нигаронии хос” ҷой дод.

XS
SM
MD
LG