Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

COVID-19 рафт, аммо оқибатҳои бадаш ҳоло аёнтар мешаванд. ВИДЕО


Бо гузашти 4 сол аз пандемия ва ё ҳамагири COVID-19, ки миллионҳо нафарро дар саросари ҷаҳон кушт, оқибатҳои бади барои сиҳатии дили инсон батадриҷ зуҳур мекунад.

Таҳлили муоинаву ташхисҳои тиббии зиёд дар Амрико нишон додааст, афроде, ки дар соли аввали пандемия ба COVID-19 гирифтор шудаанд, дар муқоиса ба онҳое, ки аз балои вирус эмин мондаанд, дар баробари бемориҳое ба мисли нафастангӣ, тапиши ғайримуқаррарии дил, лахт шудани хун, дарди қафаси сина, сактаи дил ва ё сактаи мағзӣ бештар осебпазир будаанд.

Майк Камилиерӣ, сокини Вашингтон замоне оташнишони таҳамтану қавӣ буд. Ҳоло баъди андаке ҳаракату қадам задан нафасгир мешавад, чун ранҷи паёмадҳои COVID-и дарозмуддатро мекашад.

Ӯ мегӯяд: “Тақрибан ҳама кореро, ки дар зиндагӣ анҷом медиҳам, маҳдуд мекунад. Аз кори ҷисмонӣ гирифта, то зеҳнӣ. Изтиробу афсурдагӣ, дарди қафаси сина, нафастангӣ дорам. Хастагие дорам, ки намегузорад, коре кунам. Гоҳо намехоҳам, аз рахти хобам бархезам, вале медонам, ки бояд бархезам.”

COVID рафт, аммо зиёнаш акнун зуҳур мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00


СOVID-и сабуке, ки Майк Камилиерӣ дошт, ӯро ба занҷираи бемориҳо гирифтор кард, сар аз фишори якбораи хун, тапиши ғайримуқаррарии дил ва дарди сахти қафаси сина. Мегӯяд, фикр мекард, ҳамаи ин таъсири равонии бемории СOVID-19 аст, вале хато кард.

Майк Камилиерӣ: «Моҳи марти соли 2022 шифохонаи махсуси COVID- ро ёфтам. Вақте аввалин бор онҷо рафтам, табибро дидаму ҳамачиро гуфтам, посухаш ин буд, ки шумо танҳо нестед. Айни аломатҳоро одамони дигар ҳам доранд. Мо инро медонем, нигарон набошед. Барои ман ин беҳтарин хабаре буд, ки шунидам, чун фикр мекардам, аз назари равонӣ мушкилие дорам, вале маълум шуд, ки як мушкили воқеӣ дорам.”

Агарчӣ баъди муолиҷа сиҳатии Майк Камилиерӣ андаке беҳтар шуд, вале сирояти дубораи COVID-19 ӯро дигарбора аз пой афтонд. Бо гузашти чаҳор сол аз пандемия таъсири бади беморӣ бахусус ба дилу рагҳои хунгарди инсон дар Амрико худро аёнтар мекунад.

Сюзан Ченг, табиби бемориҳои дил аз Маркази тиббии Седар-Синаӣ дар Вашингтон: “Мо паёмадҳои COVID-ро мебинем, осеби пас аз сироятро, ки аз ҷумла ба аъзои гуногуни бадан зиён мерасонад. Дар муқоиса ба дигар аъзои бадан, мутаасифона, таъсири манфии он ба дил, системаи рагҳои хунгард ба маротиб зиёдтар аст.”

Муоинаву ташхисҳо нишон додаанд, ки баъди сирояти COVID-19 ва шифо ёфтани бемор, ба онҳо то як соли дигар хатари лахт шудани хун, тапиши ғайримуътадили дил ва ҳатто сактаи қалбӣ таҳдид мекунад. Майк Камилиерӣ, ки ба сабаби беморӣ дигар бознишаста шуд, ҳоло дар шифохонаи Донишгоҳи Вашингтон муолиҷа мегирад. COVID-и дарозмуддат зиндагиашро баҳам задааст.

Ӯ мегӯяд: “Дилам барои рафиқонам, барои вақтгузаронӣ дар идораи оташнишонӣ, барои гуфтугу бо дустонам танг шудааст. Барномарезӣ барои зиндагиро ёд кардам.”

Як таҳлили натиҷаҳои ташхиси беморони зиёде дар Амрико нишон додааст, аз миёни ҳар 100 нафаре, ки аз ҷанголи COVID-19 раҳидаанд, чаҳор нафарашон аломате аз бемориҳои дил доштаанд. Зиёд ал-Алӣ муаллифи аслии таҳлил аст.

Зиёд ал-Алӣ, профессори Донишгоҳи Вашингтон: "Ман аз он нигаронам, ки мо аз пандемия ва таъсири бемории СОVID ба дил ҳамчун миллати бемортар берун омадем. Паёмадҳои он барои баъзе аз одамон доимӣ мемонад ва ин на танҳо барои мо ва беморон асари манфӣ мегузорад, балки оқибатҳояш барои хонаводаҳояшон, системаи беҳдоштӣ ва дар умум ҷомеа манфӣ аст. Ва оқибатҳои онро ғолибан мо наслҳо эҳсос хоҳем кард.“

Табиби амрикоӣ мегӯяд, шумо агар ба СОVID мубтало шудед, дигар гузашт, вале агар то ҳол хатарҳои аслии бемории қалб ба мисли фишори хун, холестероли баланд, ё тамокуро нодида гирифтаед, пас ин бепарвоиро бас кунед ва дар ғами саломатии дили худ бошед.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG