Мудири Идораи таҳқиқоти федеролии Амрико (FBI) рӯзи 28-уми феврал гуфт, таҳқиқоти ин ниҳод нишон медиҳад, ки ба эҳтимоли бисёр ҳам зиёд вируси COVID-19 як озмоишгоҳ дар шаҳри Вуҳани Чин ба берун сироят кардааст.
Кристофер Рэй дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии "Fox News" гуфт, "FBI аз муддатҳо пеш ба ин натиҷа расид, ки ба эҳтимоли зиёд сарчашмаи вируси COVID-19 як ҳодиса фавқулода дар озмоишгоҳи Вуҳан будааст".
Рӯзи якшанбе низ рӯзномаи "The Wall Street Journal" ҳам гузориш дод, ки Вазорати энержии Амрико -- ниҳоди назораткунандаи фаъолияти шабакаи озмоишгоҳҳои илмӣ, фарзияи ҳамсонро баррасӣ мекунад.
Нашрияи "The Wall Street Journal" дар ҳамин гузориш ёдоварӣ кард, ки чаҳор ниҳоди давлатӣ ва ҳайати таҳқиқи ниҳодҳои амнияти миллии Амрико ҳанӯз ба ин бовар ҳастанд, ки сарчашмаи вирус интиқоли табиӣ аз ҷонварон ба инсон буда, ду ниҳоди давлатии дигар ҳанӯз ба натиҷаи қатъӣ нарасидаанд.
Ҷон Кирби, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико рӯзи душанбе гуфт, ҳукумати ин кишвар дар мавриди сарчашмаи вируси COVID-19 ҳанӯз ба натиҷаи қатъӣ нарасидааст.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи душанбе дар вокуниш ба гузориши "The Wall Street Journal", ба натиҷаи таҳқиқоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ такя кард, ки сарчашмаи вируси COVID-19-ро як раванди табиӣ ва на ҳодисае дар озмоишгоҳ эълон карда буд.
Мудири FBI дар мусоҳибаи худ афзуд, бинобар маҳрамона будани бахши қобили таваҷҷуҳе аз ёфтаҳои ин идора, наметавонад, онҳоро ошкор кунад. Оқои Рэй ҳамчунин дар суҳбат бо "Fox News" ҳукумати Чинро дар кӯшиши боздоштани талошҳои ИМА дар робита ба таҳқиқи сабабҳои пандемия, айбдор кардааст.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин дар нишасти хабарии рӯзи чаҳоршанбе дар вокуниш ба мусоҳибаи мудири FBI гуфт, ҳукумати ин кишвар бо ҳар гуна "сӯистифода ва сохтакории сиёсӣ"-и воқеият, ба шиддат мухолиф аст. Ӯ афзуд, "мо аз Амрико мехоҳем ба воқеият ва илм эҳтиром бигузорад".
Коронавируси нав, ки баъдан боис ба паҳншавии бемории COVID-19 шуд, бори аввал дар моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин шиносоӣ шуд. Бар асари ин беморӣ то кунун дар ҷаҳон беш аз 7 миллион нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Гуфтугӯ