Дастаи мунтахаби Русия дар Бозиҳои II кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки дар Беларус ҷараён дорад, бо касби 104 медал дар байни 22 кишвари иштироккунандаи бозиҳо дар мақоми аввал аст.
Варзишгарони русиягӣ дар чаҳор рӯзи бозиҳо 51 медали тилло, 33 нуқра ва 20 биринҷӣ ба даст оварданд. Беларус бо касби 72 медал (16+20+36) дар ҷойи дувум ва Узбекистон бо касби 33 медал (7+11+15) дар ҷойи севуманд.
Дастаҳои мунтахаби Озарбойҷон (3+6+14), Арманистон (1+0+1), Қазоқистон (0+2+6), Туркманистон (0+2+3), Ветнам (0+2+1) ва Қирғизистон (0+1+6) дар байни даҳгонаи аввал пеш аз Тоҷикистон қарор доранд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳо бо шумули 132 нафар аз рӯи 13 намуд ширкат меварзад. Варзишгарони тоҷик то ҳоло се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд.
Лоиқ Қутбиддинов дар риштаи ҷудо дар вазни то 55 кило миёни писарон бо медали нуқра сарфароз гашт. Мадина Қурбонзода дар сабқати ҷудо миёни духтарон дар вазни то 48 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Боз як медали биринҷиро ба мунтахаби Тоҷикистон Асламҷон Азизов дар намуди куштии фарангӣ ё юнонию румӣ байни писарон дар вазни то 60 кило соҳиб гашт.
Дар мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо, ки 20 намуди варзишро дарбар мегирад, варзигарони ҷавони 9 кишвари ИДМ (Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон), инчунин намояндагони Баҳрайн, Куба, Кувайт, Венесуэла, Ветнам, Малайзия, Миср, Лубнон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Муғулистон, Покистон, Умон ва Эрон иштирок доранд.
Мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо ба ғайр аз Минск, дар шаҳрҳои Борисов, Брест, Витебск, Гомел, Гродно, Жлобин, Могилёв, Молодечно, Орша ва Солигорск доир шудаанд.
Ёдовар мешавем, аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Қазони Тотористони Русия бо иштироки 1100 варзишгар аз 9 кишвар - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон - баргузор шуда буд.
Тоҷикистонро 51 варзишгар дар 11 риштаи варзиш намояндагӣ кард. Варзишгарони тоҷик 14 медал – 7 нуқра ва 7 биринҷӣ – гирифтанд.
Дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон, ки таҳти сарпарастии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд, аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо Русия бо касби 212 медал, аз он ҷумла 111 нишони тилло, ҷойи аввалро азони худ кард.
Ӯзбекистон бо касби 90 медал, минҷумла 23 медали тилло, дар ҷойи дувум ва Қазоқистон бо касби 107 медал, аз ҷумла 18 нишони тилло, дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Тоҷикистон баъди Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус ва Қирғизистон мақоми ҳафтумро касб намуда, аз Арманистону Молдова пеш гузашт.
Гуфтугӯ