Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов дар «Hungary Masters-2023” дар Будапешт


Акси Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов аз varzishtv.tj
Акси Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов аз varzishtv.tj

Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд

Дар рӯзи аввали мусобиқоти ҷаҳонии устодони ҷудо «Hungary Masters-2023”, ки 4-уми август дар пойтахти Маҷористон (Венгрия) - шахри Будапешт оғоз ёфт, ду варзишгари тоҷик - Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов – ҳарду дар вазни то 66 кило ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

Эмомалӣ Нуралӣ баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар Важа Маргвелашвили (Гурҷистон), дар даври баъдӣ аз Нармандах Баянмунх (Имороти Муттаҳидаи Араб) мағлуб шуд. Обид Ҷебов бошад, дар нахустин рақобати худ аз Буба Дайкии (Фаронса) шикаст хӯрд.

Тибки низомнома ба ин мусобиқоти байналмилалӣ варзишгароне даъват шудаанд, ки дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар 38-гона мавкеъ доранд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ нафар дохилнд: ⁃ 66 кг - Эмомалй Нуралй, ⁃ 66 кг - Обид Ҷебов, ⁃ 73 кг - Беҳрӯзи Хоҷазода, ⁃ 90 кг - Комроншохи Устопириён, +100кг - Темур Рахимов.

Зимнан, барои ширкат дар «Hungary Masters-2023” паҳлавони номдори тоҷик Сомон Маҳмадбеков низ даъват шуда буд. Ӯ дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар вазни то 81 кило бо 1300 имтиёз дар мақоми 13-ум қарор дорад. Вале Сомон ба Будапешт рафта натавонист. Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ба ин варзишгари машҳури тоҷик иҷозаи вуруд (виза) ба Маҷористон дода нашуд.

Чунон ки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар ин мусобиқот 419 варзишгар (216 мард ва 203 зан) аз 59 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок мекунанд.

Мусобиқоти “Hungary Masters 2023” рӯзи ҷумъаи 4-уми август бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон, -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон оғоз гардид. 5-уми август мардҳо дар вазнҳои -73 кг, -81 кг, бонувон дар вазнҳои -63 кг, -70 кг, 6-уми август мардҳо дар вазнҳои -90 кг, -100 кг, +100 кг, бонувон дар вазнҳои -78 кг, +78 кг сабқат мекунанд.

Ҳамин тариқ, дар рӯзи дувуми мусобиқот (5-уми август) Беҳрӯзи Хоҷазода, рӯзи севум (6-уми август) Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов ба майдони набард ворид мешаванд.

Рақибони се паҳлавони тоҷик дар “Hungary Masters 2023” :

Вазни -73 кг

Беҳрӯзи Хоҷазода – Мануел Ломбардо (Италия)

Вазни – 90 кг:

Комроншоҳи Устопириён – Ван т Энд Ноел (Нидерланд)

Вазни + 100 кг

Темур Раҳимов – Ҷамол Ғамзатхонов (Озарбойҷон) / Ҷелле Сниппе (Нидерланд)

Баъди натиҷагирии рӯзи аввали мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби се медали тилло дар мақоми аввал аст.

«Hungary Masters-2023” дар доираи мусобикоти сайри чахонии ҷудо баргузор шудааст. Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот бо ҷоизапулии арзишманд қадрдонӣ мегарданд. Маблағи умумии ҷоизаҳои молӣ 200 ҳазор евроро ташкил медихад.

Дар рақобатҳои инфиродӣ ба ғолибон дар хамаи 14 вазн 6000 евро, ба барандагони медали нукра 4000 евро ва ба барандагони медали биринҷӣ 2000 евро такдим мешавад.

Хамчунин, варзишгарон барои бехтар кардани мавқеашон дар радабандии чахонӣ ва олимпӣ соҳиби имтиёз хоҳанд шуд. Аз ҷумла, ғолибон 1800 имтиёз, барандагони ҷойи дувум 1260 ва ҷойи севум 900 имтиёз мегиранд.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқоти байналмилалии устодони ҷудо “Jerusalem Masters 2022”, ки моҳи декабри соли гузашта дар Исроил доир гардид, Тоҷикистонро се варзишгар – Эмомалӣ Нуралӣ, Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов – муаррифӣ карданд.

Аз байни онҳо танҳо Темур Раҳимов медал ба даст овард. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Маҷористон, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон ба финал роҳ ёфт. Вале Темур дар финал аз Татсуру Саитои ҷопонӣ, барандаи медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Тошканд, шикаст хӯрд. Ба Саито медали тилло ва ба Раҳимов медали нуқра тақдим гардид. Бояд гуфт, Раҳимов аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки дар ин мусобиқоти пурнуфуз соҳиби медал шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG