Кишоварзони як минтақа дар ноҳияи Лахш ҳосили картошкаи худро ба сахтӣ ва бо убури пули хатарноке барои фурӯш то бозор мерасонанд.
Пули миёни маркази ноҳия ва деҳаи Обшорон (Сугут) дар ҷамоати Сурхоби Лахш дар сели 21-уми июли имсол хароб шуд.
Сокинон мегӯянд, ҳоло аз пуле истифода мебаранд, ки худашон сохтаанд ва дигар мошин имкони гузаштан аз онро надорад.
Онҳо халтаҳои пур аз картошкаро тариқи ин пул то назди мошинҳои боркаш мерасонанд.
Самад, як сокини ноҳияи Лахш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, даҳҳо тонна картошкаро бо дастони худ ва пойи пиёда тариқи пули худсохту ларзонак ба назди мошинҳои боркаш мерасонад.
Пул аз болои рӯдхонаи Сурхоб мегузарад.
Дар мавзеи Сугути Лахш садҳо сокини ноҳия замини кишти картошка доранд. Дар ин ноҳияи кӯҳистонӣ мавсими ҷамъоварии картошка моҳи август оғоз мешавад.
“Бо азоб картошкаро меғундорем, вале роҳаш ҳам азоб аст. Агар нафурӯшем, мепӯсад. Мо якбор бор мекунем ва то назди пул мебарем. Онҷо мефарорем ва бо пушт ба он тарафи соҳил мерасонем ва аз сар ба мошинҳои боркаш бор мекунем. Хеле азоб аст,”—гуфт Самад, сокини ноҳияи Лахш.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Сокинони деҳаи Обшорон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дигар ҳеч роҳи мошингард ба деҳа вуҷуд надорад ва аз болои пули муваққатӣ бо пушт бурдани даҳҳо тона картошка кори осон нест.
Ҳоло сокинон талош доранд, бо заҳмати худ ин пулро аз нав бисозанд. Соли гузашта онҳо наздик ба 200 ҳазор сомонӣ барои бозсозуии пул сарф карда буданд. Онҳо шикоят доранд, ки ҳукумати Лахш на аз лиҳози техникӣ ва на аз нигоҳи молӣ барояшон кӯмак намекунад.
Дар ҷамоати Сурхоб, ки деҳаи Обшорон дар он аст, мавзӯъро шарҳ надоданд ва гуфтанд, “раиси ноҳия худаш тасмим хоҳад гирифт.”
Дар мавзеи Обшорони ноҳияи Лахш дар ҳазорон ҳектор замин сокинон картошка мекоранд. Ноҳияи Лахш, воқеъ дар марзи Қирғизистон, қисме аз бозори дохилиро бо картошка таъмин мекунад.
Мақомот мегӯянд, имсол дар ҳудуди ноҳия дар беш аз 5 ҳазор ҳектор картошка кишт шудааст.
Солона аз заминҳои ин ноҳия беш аз сад ҳазор тонна картошка меғундоранд.
Гуфтугӯ