Cокинони водии Рашт дар шарқи Тоҷикистон аз вазъи бади ягона роҳ байни ин минтақа ва маркази кишвар шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, баъди зери об мондани қисме аз роҳ мақомот барояшон масири нав кушоданд, вале "ба ягон меъёр ҷавобгӯ нест". Мақомот бовар доранд, бо сохтани роҳи Обигарм-Нуробод мушкилро ҳал мекунанд.
Роҳе, ки "Роғун" "фурӯ" бурд
Се сол пеш як қисмати роҳи Душанбе-Рашт дар минтақаи Кабудҷар зери оби обанбори нерӯгоҳи “Роғун” монд. Мақомот барои равуо роҳи дигареро пешниҳод карданд, аммо ба гуфтаи сокинон, хокӣ асту талаботи онҳоро қонеъ намекунад.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳам дар вақти сафар ба минтақаи Рашт мушоҳида карданд, ки гузаштан аз роҳи нав мушкил аст. Ҳар лаҳза чангу хоки инҷо ба осмон мепечад.
Ба гуфтаи сокинон, ҳудуди 20 километр роҳи нав хароб аст ва барои гузаштан аз он беш аз як соат сарф мешавад.
Гулбиддин Садиров, сокини ноҳияи Лахш, ронандаи мошини боркаш аст ва ҳар ҳафта аз ин роҳ мегузарад. Мегӯяд, ин роҳро ба ҳоли худаш гузоштаанд. “Чуқуриву пастиаш бисёр, як боронгарӣ шавад, вазъият бадтар мешавад. Се сол аст, ки аҳвол ҳамин. Дар 6-7 моҳ як бор таъмир кунанд мекунанд, накунанд – не. Мошин тез-тез вайрон мешавад,” -- афзуд ин ронанда.
Видеоро инҷо бинед:
Мақомот ба сокинон гуфтаанд, ин роҳ муваққатӣ аст, амм ронандагон мегӯянд, ин далел намешавад, ки ба роҳ диққат дода нашавад. Илҳом, як ронандаи дигар гуфт, талош мекунанд, аз роҳ бо суръати баланд нагузаранд, зеро мошин хароб мешавад.
Ин ронанда бо шиква мегӯяд, “ақаллан якбор ҳамвор кунанд, беҳтар мешавад. Муваққатӣ мегӯянд, вале андози роҳ 1200-1300 сомонӣ аст. Ҳаминро муваққатӣ ҳам бошад, ҳамвор кардан мумкин аст.”
Ширкати чинӣ дастбакор шудааст
Водии Рашт дар шарқи Тоҷикистон ҷойгир буда, зиёда аз 300 ҳазор аҳолӣ дорад. Сокинони ноҳияҳои Тоҷикобод, Сангвор, Нуробод, Рашт ва Лахш аз ҳамин роҳ мегузаранд. Умеди сокинон ба сохта шудани роҳи нав аст. Суннатулло, сокини ноҳияи Нуробод умед дорад, ки бо сохта шудани роҳи нав “ҳамааш хуб мешавад.”
Манзури ронандагон сохтмони роҳи Обигарм-Нуробод аст. Бунёди ин роҳ як сол пеш бо маблағи Бонки Осиёии Рушд ва Фонди Опек оғоз шуд. Онро як ширкати чинӣ месозад. Дар сурати бунёди роҳи нав, сокинон дигар аз роҳи хароб намегузаранд.
Сионг Тао, намояндаи ширкати роҳсозии “Ҳунан” дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сохтмони роҳро моҳи июни соли гузашта оғоз карда, аз рӯи нақша бояд то 1200 рӯз тамом кунанд. Масъули ширкати чинӣ гуфт, дар назди онҳо шарт гузошта шудааст, ки “ҳангоми пурра ба истифода додан бояд мошинҳо бе мушкил равуо кунанд ва хавфу хатаре дар ин масир набояд бошад.”
Роҳ яке аз мушкилҳои асосии минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон аст. Аксари роҳҳои кишвар аз минтақаҳои куҳӣ мегузаранд ва мақомот гуфтаанд, сохтани онҳо осон нест. Мардум мегӯянд, бидуни роҳҳои обод минтақаҳои кишвар рушд намекунанд.
Гуфтугӯ