Як муҳоҷири кории тоҷик дар шаҳри Екатеринбург зану кӯдакеро аз коми оташ наҷот додааст.
Дар бораи корнамоии муҳоҷир расонаҳои Русия хабар дода, аз ӯ Манучеҳр ном бурдаанд.
Сӯхтор рӯзи якуми август дар ошёнаи 25 -уми биное дар шаҳраки Светлий рух додааст. Муҳоҷири тоҷик баъд аз шунидани фарёди зане, ки бо тифли навзодаш дар миёни оташ монда буд ба кӯмак шитофт. Ӯ қабл аз омадани оташнишонҳо дари хонаро шикаста, модару кӯдакро наҷот додааст.
Муҳоҷири тоҷик ҳангоми сар задани сӯхтор дар баландошёна, дар сохтмоне дар наздикии он кор мекардааст.
“Ҳангоми пӯхтани ширинӣ дар хонае дар 25-ум ошёна сӯхтор сар зад. Зан аз балкон фарёд кард ва коргари сохтмоне дар ҳамсоягӣ садои ӯро шунид ва дуди оташро дида, пеш аз сӯхторхомӯшкунҳо омад. Оташнишонҳо ба далели мошини зиёд дар назди бино натавонистанд сари вақт бирасанд” – навиштаанд, сокинон дар гурӯҳи “ЖК Светлий микрорайон” дар “ВКонтакте”.
Ба нақли худи муҳоҷир, ӯ бо болға дари хонаеро, ки оташ гирифта буд, шикаста, зану кӯдакро берун овард.
Муҳоҷири тоҷикро барои ин корнамоӣ ва сари вақт расидан ба кӯмаки одамон қадрдонӣ кардаанд.
Ба навиштаи расонаҳо, вақте баъди сӯхтор масъулин барои изҳори миннатдорӣ ба суроғи муҳоҷири тоҷик рафтаанд, ӯ дар сохтмон корашро идома медод ва бо дидани онҳо тарсид. Фикр кард, ки барои беиҷоза аз маҳалли кор берун шудан огоҳӣ мегирад, аммо ташаккур шунид ва қадрдонӣ шуд.
Бори аввал нест, ки муҳоҷирони тоҷик худро дар хатар гузошта, барои наҷоти одамон дасту остин бармезананд. Бархе ҳатто дар чунин ҳодисаҳо ҷони худро аз даст медиҳанд.