Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон тарҳи сахтгиронаи Қонун дар бораи ҳиҷобро муаррифӣ карданд


IRAN-WOMEN/
IRAN-WOMEN/

Дар порлумони Эрон тарҳи қонуни баҳсбарангез дар бораи ҳиҷоб ва иффатро муаррифӣ карданд, ки як ҳадафи асосиаш бархӯрд, боздошт ва ҷаримаи бонувонест, ки аз пӯшидани ҳиҷоб саркашӣ мекунанд.

Дар Эрон пӯшидани ин либос ҳатмист ва баҳсҳои оташин сари ин масъала дар дохилу хориҷи кишвар идома дорад. Тарҳи қонун, ки Кумитаи ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ дар порлумон барои баррасии он ризоият додааст, дар баробари маъмурони пулис ба вазорати иттилоот, Сипоҳи Посдорони Инқилоби исломӣ ва чанде дигар аз мақомоти интизомии Эрон иҷоза медиҳад, ба зидди духтароне, ки ҳиҷоб ба сар намекунанд, чора биандешанд.

Дар тарҳи қонуни нав масъалаи ҷудо кардани духтарону писарон дар донишгоҳҳо, муассисаҳои давлатӣ, боғҳои тафреҳӣ, маконҳои саёҳӣ ва ҳатто бемористонҳоро дар миён гузоштаанд.

Дар сурати қабули ин тарҳи ҷанҷолӣ мумкин аст, занонеро, ки пӯшидани ҳиҷоб сар боз мезананд, то 720 доллар ҷарима кунанд ва ё ҳатто ба зиндон биандозанд.

XS
SM
MD
LG