Бибихол қабл аз издивоҷаш дар панҷ соли пеш, барпо кардани оиларо як далели дигаре барои хушбахтӣ медонист, аммо таҷрибаи талх назари ӯро ба оиладорӣ дигар кард. Нуздаҳсола буд, ки бо хоҳиши волидайн шавҳар кард ва бо гузашти муддате ҷабру ситам ба ӯ оғоз ёфт.
Бибихол Юсуфова, ҳамроҳ бо волидонаш дар Русия зиндагӣ мекард ва баъд аз издивоҷ зиндагиро дар хонаи шаҳвар дар Тоҷикистон идома дод. Мегӯяд ҷабру ситами шавҳарро се сол таҳаммул кард, то замоне, ки ба ҳадде латукуб шуд, ки ба шифохона афтод. Волидонаш ҳам нагузоштанд, дигар ба хонаи шавҳар баргардад.
“Якум маротиба пеш аз ҳомиладориам ба ман даст бардошт, вале он на он қадар сахт буд. Баъдан ҳангоми ҳомиладорӣ ҳама чӣ хуб буд, вай маро тамоман намезад. Вале вақте, ки ба Маскав омадаму таваллуд карда ба Тоҷикистон баргаштам, ҳамааш сар шуд. Ҳамеша ба ман рашк мекард. Ҳамеша ҷанҷол мебардошт. Аз чизе розӣ набуд, доимо баҳона мекофт.” - нақл кард, Бибихол Юсуфова.
Ҳамсӯҳбати мо, ки баъд аз се соли таҳаммули зӯроварӣ аз шавҳар, бо як писар аз ӯ ҷудо шуд, мегӯяд, ин ақида, ки зан бояд латукӯбу зулму ситами шавҳар ва дигарон дар оиларо таҳаммул кунад, ғалат аст: “Тасаввур кунед, ки тамоми умр бо марде зиндагӣ бикунӣ, ки қадратро намедонад. Чунин занҳо зиёданд. Мегӯянд, ки тоҷикон пурсабранд, дуруст, аммо онҳоро касе қадр намекунад. Ин бисёр аламовар аст. Бисёр вақтҳо занҳоро маҳкум мекунам, айби худи онҳост. Занҳо инро як чизи маъмулӣ меҳисобанд. Мегӯянд, хайр чӣ шудааст? Мо ҳам сабр кардем.”
Як пажӯҳиши нави Барномаи Рушди Созмони Милал айни чизро нишон додааст ки 67 дарсад ба ин бовар будаанд, ки зӯроварӣ ба зан дар оила кори маъмулист. Аз ҷумла зану мард дар Тоҷикистон ҳам гуфтаанд “латукӯби занонро ҷоиз медонанд”.
Мақомоти расмӣ мегуянд, ба натиҷаҳои таҳқиқот розӣ нестанд, чун барномаҳои зиёде барои маҳви хушунат ба зидди занон анҷом медиҳанд. Аз ҷумла ба гуфтаи Сабоҳат Маҳмадалиева, масъули ин кумита иҷрои Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023 -ро як роҳи мубориза бо хушунату зӯроварӣ дар хонаводаҳо медонанд.
Ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар назди Кумитаи кор бо занон ва оила, маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ амал мекунад. Марказ дорои телефони боварии 13-13 аст, ки шаҳрвандон метавонанд, муроҷиат кунанд. Теъдоди муроҷеон аз хушунати хонаводагӣ кам шудааст”.
Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, мардҳо хушунати хонаводагиро фақат баҳси зану шавҳар ва ё марбути оила медонанд, ки бояд дар чордевори хона боқӣ монад. Занону духтарон ҳам дар чунин ҳолат аз тарси гапи мардум ҳангоми ҷабр дидан ба мақомот муроҷиат намекунанд ва сокит ранҷу азобро дар танҳоӣ таҳаммул мекунанд.
Ҷомеашиносон мегуянд зӯроварӣ ба зан ба як расм табдил шудааст ва бадбахтона, аз насл ба насл “мерос” мемонад. Онҳое ҳам, ки ба мақомот муроҷиат мекунанд, дар ниҳоят ҳуқуқ ба манзил ва раҳми хонаводаи шавҳарро аз даст медиҳанд.
Барно Султонова, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд: “Мутаасифона қолабҳо дар ҷомеаи мо хеле сахт аст, ки ба хотири “нарехтани обрӯи хонадон” занон ҳамагуна хушунатро таҳаммул мекунанд. Ҳатто поёни сабр худкушиву худсузӣ аст, аммо касе чизе намегӯяд. Баъзан шахсе, ки сабабгори зулму ситам аст ва ҳатто занонро то ба худкушӣ мебарад, ҷазо намебинад”.
Ҳомиёни ҳуқуқ беэътиноӣ ба хушунат ба занро иллати коҳиш наёфтани ин тамоюл дар Тоҷикистон медонанд. Мақомот мегӯянд соли 2022 бештар аз панҷ ҳазор нафар аз хушунату зуроварӣ дар оила шикоят кардаанд, ки 90 дарсади онҳо занон будаанд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи зан, ин омор танҳо қатрае аз баҳр аст ва садҳо ҳазор зани дигар таҳаммули ҷабру зулмро авлотар аз гапи мардум медонанд.
Бибихол Юсуфова, ки ҳоло аз зулму ситами шавҳар раҳо шудааст, мегӯяд бо ин кораш тавонист, қолабҳои шахшуда дар ҷомеаро шиканад. Ҳоло ҳамроҳи писараш дар Русия кору зиндагӣ мекунад, дар саҳифааш дар Инстаграм рӯзҳои талхи зиндагиашро қисса мекунад ва ба занони дигар роҳи эмин мондан ва ё наҷот аз хушунати хонаводагиро меомӯзад.
Гуфтугӯ