Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли марду зан дар Фархор ба додгоҳ рафт. ВИДЕО


Ҷанҷоли як марду зан дар Фархор ба додгоҳ рафт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Ҷанҷоли як марду зан дар Фархор ба додгоҳ рафт

Додгоҳи ноҳияи Фархор қаҳрамони ба истилоҳ манфии як видеоеро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси доманадореро барангехт, ҷарима бастааст. Бегаҳмад Назаровро барои задан ва осеб расондан ба ҳамсояаш Моҳихубон Тилавова ҷазои маъмурӣ доданд, вале ҷабрдида мегӯяд, розӣ нест. Агарчӣ ҷанҷолу даъвои сари замин дар Тоҷикистон зиёд рух медиҳад, аммо ин ҷанҷол баҳс сари хушунат ва ё зӯроварӣ ба занро дар Тоҷикистон дигарбора доғ кард.

Ҷанҷоли ду сокини Фархор як моҳ пеш дар деҳаи Афардии ин ноҳия рух дод. Дар наворе сабт шудааст, ки Моҳихубон Тилавова мавриди ҳамлаи ҳамдеҳааш қарор мегирад. Дар ин видео марди ҳамлакунанда мегӯяд, ки говҳои Моҳихубон вориди заминаш шудаанд. Гӯё ин ҳолат боиси асабонияти Бегаҳмад Назаров шуда, ӯ ба Моҳихубон Тилавова ҳамла кардааст. Аммо ин зан мегӯяд, баръакс Бегаҳмад говҳояшро бо зӯр ба сар заминаш овардааст.

Ба гуфтаи Моҳихубон Тилавова, Бегаҳмад замоне, ки говҳояшро мебурд ба ӯ ҳамла кардааст. “Ҳамин гов дар дарахт бастагӣ буд, дилам сухт, ки говро тез кушоям, ки нагузошт ва гуфт, ки пахтаи маро мехурад ва дашмонҳои қабеҳ кард. Мо фирор кардем ва гумон намекардам, ки маро мезанад.”

Назари ҷониби дигари баҳс маълум нест. Хабарнигори Радиои Озодӣ талош кард бо Бегаҳмад Назаров суҳбат карда, назари ӯро дар бораи воқеа пурсад. Аммо ин хонавода дарро ба рӯи хабарнигори Радиои Озодӣ пӯшид. Баъди интизориҳои нимсоата хонаводаи Бегаҳмад гуфтанд, ки ӯ дар хона нест.

Дар пайи шикояти Моҳихубон Тилавова пулиси Фархор барои Бегаҳмад Назаров парвандаи маъмурӣ боз карда аст. Додгоҳ Бегаҳмад Назаровро бар асоси моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор дониста, ӯро 476 сомонӣ ҷарима баст.

Дар қарори додгоҳ дар бораи латукӯби Моҳихубон Тилавова чизе наомадааст ва танҳо ба суханҳои қабеҳи Бегаҳмад Назаров ва пушаймонии ӯ ишора шудааст. Хонаводаи Тилавова мегӯяд, ки нисбати ӯ беадолатӣ шудааст. Ин сокини ноҳияи Фархор ният дорад аз болои қарори додгоҳ шикоят кунад. Мегӯяд то замоне ки адолат барқарор нашавад ва Бегаҳмад Назаров ҷазо нагирад аз шикоят даст нахоҳад кашид. Ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ ҷароҳатҳои бардоштаи Моҳихубон Тилавоваро ҷузъӣ гуфтааст. Ҳарчанд ин зан мегӯяд, то ҳол ҷойи зарбҳои хурдаи ҳамдеҳаашро табобат мекунад.

Шикоятҳо аз бадрафторӣ нисбати занон дар Тоҷикистон нав нест. Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, барои аз байн бурдани хушунат дар кишвар кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Ҳомиёни ҳуқуқи занон бовар доранд, ҷабру зулму зӯроварӣ ба зан дар кишвар як “расми маъмул” аст ва талоши ҳукумат барои решакан кардани ин зуҳурот кофӣ нест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG