Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ як саҳифаи фейсбукии мухолифини тоҷикро ифротӣ эълон кард


Дар саҳифаи “Новый Таджикистан-2” бештар мухолифони ҳукумат матлаб нашр мекунанд.
Дар саҳифаи “Новый Таджикистан-2” бештар мухолифони ҳукумат матлаб нашр мекунанд.

Додгоҳи олӣ яке дигар аз саҳифаҳои мухолифони давлати Тоҷикистонро дар Фейсбук экстремистӣ эълон карда, фаъолияташро дар кишвар манъ кардааст.

Додситонии кулл рӯзи 26-уми июл бо нашри як баёнияи расмӣ хабар дод, ки саҳифаи “Новый Таджикистан-2” баъди дархости додситонӣ аз додгоҳ дар рӯзи 21-уми июн саҳифаи ифротӣ эълон шудааст. Дар шарҳи аризаи додситони кулл Юсуф Раҳмон ба унвонии Додгоҳи олӣ гуфта шудааст, ки қарор “ба манфиати ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон қонеъ карда шуда, сомонаи “Новый Таджикистан 2” ташкилоти экстремистӣ ва иғвоангез эътироф гардида, фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шуд”.

Ин саҳифаро фаъолони созмони “Гурӯҳи 24” пеш мебаранд ва дар он матлабҳои интиқодии худ аз фаъолиятҳои ҳукуматро нашр мекунанд.

Суҳроб Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24” рӯзи 26-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ба кори мо ҳеч таъсире нахоҳад дошт ва ҳукумат бо ин роҳ мехоҳад мардумро тарс диҳад.

“Бастан роҳи ҳал нест, чун мардум аз ҳар тариқе хабари заруриашро пайдо мекунад ва бештар эҳтиёткору пинҳонкор мешаванд. Саҳифаро бо номи “Новый Таджикистан-2” бастанд. Барои мисол номи онро тағйир додан ҳеч мушкил нест ва мо онро “Новый Таджикистан-3” мекунем, ки бо ин ном саҳифаи мамнӯъ нахоҳад буд. Ҳар саҳифаю созмону гурӯҳеро мебанданд, то вақте зулм вуҷуд дорад, саҳифаю гурӯҳи дигар ба вуҷуд хоҳад омад. Ҳарчанд, чунин иқдомҳои ҳукумати Тоҷикистон ба кори мо ҳеч халале намерасонад,”—гуфт ӯ.

Дар ин гурӯҳи фейсбукӣ, умдатан навиштаҳои интиқодӣ аз ҳукумати Тоҷикистон ва барномаҳои “Гуруҳи 24”, як созмони мухолифи давлат нашр мешавад. Дар баёнияи додситонӣ омадааст, ки ҳамчунин бар асоси қарори Додгоҳи олӣ саҳифаҳои чандин нафар аз мухолифони ҳукуматро дар Фейсбук бастаанд.

Аз ин пештар саҳифаи “Памир дейли нюс” дар Фейсбукро ҳам ифротӣ эълон карданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ солҳои ахир ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён ва фишор ба хабарнигорон танқид мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG