Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фалаксарои тоҷик бо овозхони эронӣ таронаи муштарак иҷро кардаанд


Давлатманд Холов, фалаксарои маъруфи тоҷик
Давлатманд Холов, фалаксарои маъруфи тоҷик

Давлатманд Холов, фалаксарои маъруфи тоҷик дар ҳамкорӣ бо Содиқи Оҳангарон, маддоҳи эронӣ таронаи муштаракеро ба муносибати моҳи Муҳаррам эҷод кардаанд.

Дар ин бора чанд расонаи эронӣ хабар додаанд.

Исми тарона ё қитъаи оҳанг "Ҳусайнияи дил" аст ва он ба шеъри Алиризо Қазва навишта шудааст. Оҳанги нави муштараки Давлатманд Холов ва Содиқи Оҳангарон бо кумаки радио ва телевизиони давлатии Эрон сабт гардид.

Иҷрои оҳангҳои дорои мазмуни мазҳабӣ дар Тоҷикистон, ки мақомоташ фаъолиятҳои диниро сахт зери назорат гирифтаанд, маъмул нест.

XS
SM
MD
LG