Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Саудӣ меравад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо сафари дурӯза ба Арабистони Саудӣ меравад ва эҳтимол як бори дигар ҳаҷҷи умраро адо кунад.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президент ба Радиои Озодӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон баъд аз зуҳри 18 июл ба Саудӣ парвоз мекунад ва сафар то 19 июл идома мекунад.

Шарифзода афзуд, ҳадаф аз сафари президент “иштирок дар Саммити нахустини Сарони давлатҳои узви Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ” аст. Қарор аст ин нишаст рӯзи 19 июл дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор шавад.

Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳукумат ба шаҳри Макка ҳам сафар карда, маносики ҳаҷҷи умраро адо мекунанд. Сухангӯи президент ин хабарро тасдиқ ё рад накард.

Ба навиштаи Хадамоти матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон то ин дам чор маротиба ҳаҷҷи умраро адо карда, ду маротиба дохили хонаи Каъба шудааст.

Тарафдорони ҳукумат ин кори ӯро як навъ эҳтиром ба арзишҳои динӣ унвон мекунанд, вале созмонҳои ҳомии ҳуқуқ Эмомалӣ Раҳмонро барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ дар дохили кишвар танқид мекунанд.

Манъи рафтани ноболиғон ба масҷид, маҷбуран тарошидани риши мардон, муайян кардани мавзӯи суҳбати имомхатибон ва манъи равияи Шоҳидони Яҳво аз ҷумла танқидҳоест, ки нисбати ҳукумати Тоҷикистон борҳо садо додааст.

XS
SM
MD
LG