Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон баргузории консерти Григорий Лепсро манъ кард


Барномаи ҳунарии Григорий Лепсро дар Қазоқистон ва Қирғизистон ҳам бекор карданд
Барномаи ҳунарии Григорий Лепсро дар Қазоқистон ва Қирғизистон ҳам бекор карданд

Консерти овозхони рус Григорий Лепс, ки қарор буд 23-юми октябри имсол дар Қасри дӯстии халқҳои шаҳри Тошканд баргузор шавад, бекор карда шудааст.

Вазорати фарҳанги Узбекистон хабар дод, ки “барномаи консертӣ ба сабабҳои техникӣ баргузор намешавад. Пули билетҳо баргардонда хоҳад шуд".

Баргузории консерти сарояндаи рус дар Тошканд норозигиро дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Узбекистон ба бор овард.

Баъзе аз онҳо гуфтанд, мақомоти Узбекистон набояд ба баргузории консертҳои сарояндаҳое дар ҳудуди худ иҷозат диҳанд, ки аз ҷанги Русия алайҳи Украина ҷонибдорӣ мекунанд.

Баргузории консерти Григорий Лепс дар Қазоқистон ва Қирғизистон ҳам манъ шудааст.

Ба ҷуз ин, консерти овозхони дигари Русия Ирина Дубтсоваро дар Тошканд лағв кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG