Шаби гузашта ҳукумати Эрон ду афғонро, ки гӯё дар ҳамла ба оромгоҳи шиъаҳо бо номи Шоҳчароғ даст доштаанд, эъдом кард.
Хабаргузориҳои Форс ва ИСНА гуфтанд, ки Муҳаммад Ромиз Рашидӣ ва Наим Ҳошим Қатолӣ, субҳи имрӯз дар мазҳари ом дар Шероз эъдом шудаанд.
Дар ҳамла ба Шоҳчароғ, тирамоҳи соли гузашта, дастикам 15 нафар кушта ва беш аз 20 нафар маҷрӯҳ шуданд. ДОИШ масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт.
Мақомоти Эрон он замон як шаҳванди Тоҷикистонро ҳам дар ҳамла ба масҷиди шиаён дар шаҳри Шерози Эрон айбдор карда, гуфта буданд ӯ пас аз захмӣ шудан дар бемористон ҷон дод.
Хабаргузории нимарасмии "Тасним", наздик ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, дар шарҳи тафсилоти ҳамла ба ибодатгоҳи шиаён дар шаҳри Шероз навишта буд, Комрони Субҳон, шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон омили асосӣ ва як шаҳрванди Озарбойҷон ҳамоҳангкунандаи ҳамла дониста мешаванд.
Созмони Ҳуқуқи Башари Эрон, қароргоҳаш дар Норвегия аст, дар гузориши ахири худ гуфтааст, ки дар шаш моҳи аввали соли 2023 дар Эрон беш аз 350 нафар эъдом шудаанд.
Дар миёни онҳо шаш афғон будаанд. Дар ин гузориш омадааст, ки соли гузашта Эрон 16 афғонро ба далоили мухталиф, аз ҷумла кор ва нигаҳдории маводи мухаддир эъдом кардааст.