Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл бо нашри изҳорот ҳалокати Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк”-ро тасдиқ кард, аммо ҷасади ӯ ҳанӯз пайдо нашудааст.
Дар ҳамин ҳол дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки корбарон онро ҷузъиёти нави парвандаи рабуда шудани Шӯҳрат Исматуллоев мешуморанд. Дар куҷо ва кай сабт шудани навор маълум нест, вале корбароне, ки онро пахш кардаанд, мегӯянд, ин гуфтугӯи телефонии яке аз рабояндагон Рустам Ашӯров ва модараш аст, ки дар Душанбе сабт шудааст.
Дар ин навор шахсе, ки гуфта мешавад, шаҳрванди дар фурудгоҳи Кишинёв кушташудаи Тоҷикистон Рустам Ашӯров аст, ба модари гирёнаш вазъи худро мегӯяд ва ҷасадеро дар фарши фурудгоҳ нишон медиҳад. Вай мегӯяд, ду касро куштааст ва дар гузаргоҳи гумрукии фурудгоҳ аст. Дар навор Ашӯров ҳамчунин мегӯяд, ки дар рабудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси "Ориёнбонк" даст дошт. Тасдиқи мустақилонаи ҳақиқати ин навор ва ин иқрор номумкин аст.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи рабояндагон бо зӯр гирифтани маблағҳои Исматуллоев будааст. Аммо рабудашуда дар натиҷаи латукӯби сахт ба ҳалокат расидааст. Шахсе, ки дар видое дида мешавад, ҳамчунин мегӯяд, "ҷасадро ба дарёи Варзоб" партофтаанд, аммо худи ӯ дар куштани Исматуллоев гумонбари дигаре, додситони пешин Дилшод Саидмуродовро гунаҳкор мекунад. Аз навор ба назар мерасад, шахсе ки Рустам Ашӯров шумурда мешавад, дар ҳолати ҳаяҷон гап мезанад. Тасдиқи мустақилонаи ҳақиқати видео, ҳувийяти ин шахс ва дурустии гуфтаҳояш ғайриимкон аст.
Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл дар изҳороте гуфт, ба ҷуз Рустам Ашӯров ва Дилшод Саидмуродов шахсияти боз ду нафари дигарро маълум кард, ки дар рабудани муовини аввали раиси "Ориёнбонк" даст доштанд. Инҳо Шоҳрух Хуҷаев ва Акбар Аҳмадов будаанд, ки ба гуфтаи додситонӣ ҳамроҳ бо ду нафари аввал, Исматуллоевро ба мошин савор карда буданд. Тасдиқи дурустии ин хабар феълан аз манобеи мустақил имконпазир нест ва рӯшан нест, ки Хуҷаев ва Аҳмадов иттиҳоми мақомотро то куҷо қабул доранд.
Мақомот дар бораи онҳо маълумоти зиёд намедиҳанд, танҳо мегӯянд, Дилшод Саидмуродов бо Акбар Аҳмадов ба Русия, Шоҳрух Хуҷаев ва Рустам Ашӯров ба Туркия фирор карданд.
Додситонии кул ҳамчунин гуфтааст, Шуҳрат Исматуллоевро баъди рабудан чанд соат дар манзиле дар ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб шиканҷа карда, баъдан куштаанд. Ба гуфтаи манбаъ, ҷасади муовини раиси "Ориёнбонк"-ро ҳамроҳ бо мошини "Ҳундай-соната" ба дарё партофтаанд. Мақомот мегӯянд, то ҳол кофтукоби ҷасади Исматуллоев идома дорад.
Додситонӣ аз боздошти 5 нафар дар робита ба қазияи рабудани Шуҳрат Исматуллоев хабар дода, вале номи онҳоро фош накардааст.
Гуфтугӯ