Мақомоти Тоҷикистон Литсейи Оқохонро дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон давлатӣ кардаанд. Ҳукумати ВМКБ давлатӣ шудани Литсейи Оқохонро тасдиқ кард, аммо сабаби онро нагуфт. Мақомот мегӯянд, ин муассисаи таълимии зертобеи Шабакаи Оқохон, минбаъд ҳамчун “Литсейи давлатӣ барои кӯдакони болаёқат” ва зери назари Вазорати маориф кор мекунад.
Кормандони пешини Литсейи Оқохон рӯзи 4 июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, идораи маорифи ВМКБ рӯзи 30-юми июн дари литсейро муҳр зад ва эълом дошт, ки ҳамаи омӯзгорон аз вазифа барканор шудаанд.
“Дар литсей 120 муаллим дарс медод. Ҳамчунин мо ду боғчаи кӯдакон доштем, ки дигар бо давлатӣ кардани он, омӯзгорон ва кормандони боғчаҳо бекор мемонанд,”- гуфт ҳамсуҳбати мо дар Литсейи Оқохон.
Ҳукумати Вилояти Бадахшон бекор мондани омӯзгоронро рад карда гуфтааст, 73 омӯзгор корашонро идома медиҳанд.
Аммо ҳукумати ВМКБ ва ҳам мақомот дар Душанбе ба суоли асосӣ посух намедиҳанд, ки чаро Литсейи Оқохон баъди 25 соли фаъолияташ давлатӣ шуд?
Ҳамин тавр норӯшан мемонад, ки сабаби чунин амалкарди давлат дар баробари Литсейи Оқохон чӣ буд. Мақомот на дар бораи ноқаноатмандӣ аз барномаи таҳсил дар ин муассиса чизе гуфтаанд ва на роҷеъ ба фаъолияти ҳайати кории он. Вале эҳтимол меравад, ҳадаф аз тағйир додани мақоми ҳуқуқии муассиса пурра зери назорат гирифтани барнома ва шеваҳои таҳсил ва фаъолияти молии Литсейи Оқохон аст.
Ҳукумати Вилояти Бадахшон дар вокуниш ба Радиои Озодӣ навиштааст, хонандагони литсей минбаъд тибқи барномаи давлатии Вазорати маориф таҳсилашонро идома медиҳанд. Дар ҳоле, ки мақомот гуфтанд, муассисаи таълимӣ "бо нигоҳ доштани шароити пешина фаъолият"-ро идома медиҳад, омӯзгорон шубҳа доранд. Омӯзгорони ин муассиса нигаронӣ доранд, ки таҳсил дар ин литсей мисли дигар мактабҳои Тоҷикистон хоҳад шуд.
Литсейи Оқохон соли 1998 бо ҳузури Шоҳзода Карим Оқохон ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомали Раҳмон боз шуда буд. Дар он 1200 нафар хонанда таҳсил мекард. Он яке аз камтарин мактабҳои ВМКБ буд, ки ба ҷуз забони тоҷикӣ, бо забонҳои англисӣ ва русӣ ба хонандагон дарс медод.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хатмкунандагони ин мактаб флеш-моберо роҳандозӣ кардаанд, ки дар он барои муаллимон ва роҳбарияти ин мактаб изҳори миннатдорӣ мекунанд.
“Ин мактаб барои садҳо хонанда роҳхат ба зиндагии хуб ва умеде барои иваз кардани шароити зиндагии худ ва наздикон буд. Дар мактаб шароит олӣ буд, муаллимон аз сидқи дил кор мекарданд ва аз усулҳои муосире истифода мекарданд, ки натиҷаҳои назаррасе медоданд”, - мегӯяд Рухшона яке аз хатмкунандагони ин мактаб, ки ҳоло дар яке аз донишгоҳҳои Канада таҳсил мекунад.
Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, бештари хатмкунандагони литсейи Оқохон ба донишгоҳҳои байналхалқӣ дохил мешуданд ва дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳам натиҷаҳои хубро ба даст меоварданд.
Литсейи Оқохон ҷузъе аз Хадамоти Оқохон оид ба маориф аст. Он зиёда аз 200 мактаб ва чанд барномаҳои таълимиро идора мекунад, ки ба зиёда аз 75 ҳазор хонанда дар Покистон, Ҳиндустон, Бангладеш, Кения, Уганда, Танзания, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб ва Мадагаскар бо таълими босифат дар таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ, миёна ва миёнаи олӣ пешкаш менамоянд. Мактабҳо инчунин дар Афғонистон ва Ҷумҳурии Демократии Конго сохта кушода мешаванд, оварда шудааст дар сомонаи ин муассиса.
Аз муассисаҳои Шабакаи Оқохон танҳо литсей нест, ки дар моҳҳои ахир аз сӯи мақомоти Тоҷикистон давлатӣ мешавад. Моҳи июни имсол меҳмонхонаи “Серена”, вобаста ба Шабакаи Оқохон (AKFED), дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ давлатӣ шуд. Соли гузашта Боғи марказии фароғатии шаҳри Хоруғро, ки зери сарпарастии Бунёди Оқохон буд, ба моликияти давлатӣ табдил доданд.
Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ҳоло баҳс бар сари давлатӣ кардани Маркази тиббии вобаста ба Шабакаи Оқохон дар Хоруғ низ ҷараён дорад.
Ин матлаб шоми 4 июл бо расидани вокуниши мақомоти давлатӣ ба масъала нав ва барӯз карда шуд.
Гуфтугӯ