Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Молдова гуфт, аҳволи тирандози тоҷик "ниҳоят вазнин" аст


Додситонии Молдова гуфт, Рустам Ашӯров даҳ тир хӯрдааст
Додситонии Молдова гуфт, Рустам Ашӯров даҳ тир хӯрдааст

Вазъи Рустам Ашӯров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки баъд аз куштани ду нафар дар Фурудгоҳи Кишинёв боздошт шудааст, "ниҳоят вазнин" гуфта мешавад.

Хабаргузори русии ТАСС аз қавли Диана Фетко, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Молдова навишт, "вазъи ҳамлагар ҳамоно бад буда, ӯ зери назари пизишкон ва пулис қарор дорад." Ба гуфтаи додситонии Молдова, Рустам Ашӯров 10 тир хӯрда, ҷарроҳӣ шуд ва дар ҳолати беҳушист.

Пештар аз ин Виорел Чернэусяну, сардори пулиси Молдова дар нишасти хабарие гуфт, Ашӯров дар фурудгоҳ аз гуфтушунид бо пулис саркашӣ кард ва ҳангоми амалиёти боздошт сахт маҷрӯҳ шуд. Ба гуфтаи Чернэусяну, Ашӯров дар бемористон, дар ҳолати беҳушӣ, вале таҳти назорати шадиди пулис қарор дорад.

Рустам Ашӯров, 43-сола рӯзи 30-юми июн дар фурудгоҳи Кишинёв, пойтахти Молдова, баъди он ки ба ин кишвар роҳ дода нашуд, туфангчаи марзбонеро рабуд ва ду намояндаи ниҳодҳои қудратии Молдоваро кушта, ва як мусофиррозахмӣ кард. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба хонаводаи кушташудагон изҳори таслият кард.

Зидди Ашӯров дар Молдова нахуст бо иттиҳоми терроризм айб эълом шуда буд. Рӯзи гузашта додситонии Молдова эълон кард, ки иттиҳоми терроризм ба "Куштори ду кас" иваз карда шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Рустам Ашӯров, фарди гумонбар дар тирандозии Кишинёв яке аз аъзоёни гуруҳи созмонёфтаи ҷиноӣ аст, ки дар рабудани Шӯҳрат Исматуллоев, муовини Ҳасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк"даст дорад. Ба иттилои мақомот Исматуллоев 10 рӯз боз бедарак аст. Бино бар фарзияи мақомоти Тоҷикистон Ашӯров бо ҳадафи фирор ба Аврупо, ба Молдова сафар кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 2-юми июл дар изҳороте гуфт, гурӯҳе аз намояндагони мақомоти кишвар барои маълум кардани ҳама ҷанбаҳои парвандаи шаҳрванди Тоҷикистон ба Кишинёв рафтаанд.

XS
SM
MD
LG