Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Молдова банди парвандаи Рустам Ашӯровро тағйир дод


Додситони кулли Молдова Ион Мустеата гуфт, иттиҳоме, ки зидди шаҳрванди Тоҷикистон Рустам Ашӯров барои оташкушоӣ дар фурудгоҳи Кишинёв эълом шуда буд, тағйир доданд.

Ба зидди Ашӯров дар аввал бо иттиҳоми терроризм айб эълом шуда буд ва ҳоло банди “Терроризм” ба “Куштори ду кас” иваз карда шудааст.

Ашӯрови 43-сола рӯзи 30-юми июн, пас аз он ки барои даромадан ба ҳудуди Молдова посухи рад гирифт, бо мусодираи силоҳи маъмури фурудгоҳ ду касро кушт ва як мусофирро захмӣ кард.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Рустам Ашӯров узви гуруҳи созмонёфтаи ҷиноӣ аст, ки дар рабудани Шӯҳрат Исматуллоев, муовини Ҳасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк" даст дорад. Ба иттилои мақомот Исматуллоев 10 рӯз боз бедарак аст.

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, Рустам Ашӯров, пас аз рабудани муовини раиси бонк “тавассути Туркия ба Молдова парвоз кард. Ҳадафаш ба гуфтаи мақомот, фирор ба кишварҳои аврупоӣ будааст.

XS
SM
MD
LG