Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи мошине, ки Исматуллоевро эҳтимол бо он бурдаанд


Наҷотдиҳандагони тоҷик дар соҳили дарёи Зарафшон
Наҷотдиҳандагони тоҷик дар соҳили дарёи Зарафшон

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, дар соҳилҳои дарёи Зарафшон мошинеро мекобанд, ки эҳтимол бо он Шуҳрат Исматуллозода, муовини раиси “Ориёнбонк”-ро рабуда ва аз Душанбе берун бурдаанд. Исматуллоеви 49-сола сола як ҳафта боз бедарак аст. Мақомот мегӯянд, ӯ аз тарафи шахсони ношинос рабуда шудааст.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, тахмин меравад, рабояндагон мошинро дар километри 118-119-и роҳи Душанбе-Чаноқ, ба дарёи Зарафшон партофтаанд.

Ин тақрибан ҳамон ҷойест, ки гумон меравад Исмоилҷон Раҳмонов устоди Донишгоҳи тиҷорат низ ба дарё партофта шудааст. Кумита мегӯяд, маъмурони наҷот ҳамзамон ӯро ҳам ҷустуҷӯ доранд. Раҳмонов аз шоми 12-уми июн бедарак аст ва бо гумони рабудани ӯ подполковник Акмал Юсуфзода боздошт шудааст. Юсуфзода то лаҳзаи боздошт сардори шуъбаи таҳлилӣ, банақшагирӣ ва муносибатҳои байнулмилалии Раёсати мубориза ба зидди ҷиноятҳои муташаккил (УБОП) буд.

"Амалиёти ҷустуҷӯ дар вазнинтарин шароит идома дорад, чун ин мавзеъи тезҷараён ва чуқуртарини Зарафшон аст. Наҷотдиҳандагон дар имтидод (дарози)-и соҳил ҳамарӯза бидуни истироҳат пайи ҷиноятро меҷӯянд, то нишоне аз мошин ва шаҳрванд Исмоилҷон Раҳмонов пайдо кунанд,"-омадааст дар хабарномаи Кумита.

XS
SM
MD
LG