Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошӯби гуруҳи "Вагнер" қурби рублро паст кард


Арзиши рубл рӯзи 26-уми июн дар баробари доллари амрикоӣ ва евро ба шиддат поён рафт ва ин тамоюлро оқибати ошӯби гуруҳи зархаридори Вагнер ба раҳбарии Евгений Пригожин медонанд.

Субҳи 26-уми июн як доллари амрикоӣ тақрибан 87 рубл арзиш дошт, ки 2.1 дар сад арзонтар аз моҳи марти соли 2022 аст. Қурби рубл ҳамчунин дар баробари евро 2.2 дар сад поинтар омад ва як евроро тақрибан бо 95 рубл иваз мекарданд.

XS
SM
MD
LG