Мақомоти Тоҷикистон бо гузашти чор рӯз ҳанӯз нишоне аз Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси "Ориёнбонк"-ро пайдо накардаанд.
Бонкдори тоҷикро шаби 23-уми июн аз назди манзили зисташ чор нафари ношинос рабудаанд.
Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, чор нафар дар сар ниқоб доштанд ва чеҳраашон дар камераҳои назоратӣ намоён нест.
Афроде, ки навори камераҳои назоратиро дидаанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки лаҳзаи рабудан онҳо ба Шуҳрат Исматуллоев шаҳодатномаи кадом ниҳоди қудратиро нишон медиҳанд ва аз ду дасташ гирифта ба мошин савор мекунанд. Онҳо ба бонкири тоҷик чӣ ҳарфе мегӯянд, ки ӯ дигар муқовимат нишон надодааст.
Манобеи Озодӣ мегӯянд, рабояндагон дар ҳамаи марҳилаҳои амалиёти худ ҳирфаӣ буданд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи гузашта гуфт, агар касе ҷои Шуҳрат Исматуллоев ро ошкор кунад, барояш 30 ҳазор доллар ҷоиза медиҳанд. Ин ниҳод ҳамчунин эълон кард, агар ҷинояткорон ба гуноҳи худ иқрор шаванд ва бонкирро раҳо кунанд, ҷазои сабук хоҳанд гирифт.
Шуҳрат Исматуллоеви 49 сола аз афроди наздики Ҳасан Асадллозода, раиси Ориёнбонк ва додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аст.
Ба гуфтаи огоҳон, амалан ӯ бонки “Ориёнбонк”-ро идора мекард ва дар масъалаҳои молиявӣ мавриди эътимоди хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон будааст.