Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адахон Мадумаров қарори вакилонро "сахт" номид


Адахон Мадумаров
Адахон Мадумаров

Порлумони Қирғизистон барои ба ҷавобгарӣ кашидани вакили порлумон ва раиси ҷиноҳи “Бутун Қирғизистон” Адахон Мадумаров розӣ шудааст.

Худаш мегӯяд, вакилон “фармони бисёр сахт” гирифтанд.

Додситонии кулли Қирғизистон дар номае ба порлумони ин кишвар Мадумаровро ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ, ғасби хушунатомези қудрат ва баромадан аз ваколати хидматӣ муттаҳам карда буд.

Аъзои маҷлис рӯзи 22-юми июн ду иттиҳоми аввалро напазируфта, бо иттиҳоми сеюм розӣ шуданд ва ӯро аз масунияти депутатӣ озод намуданд.

Иттиҳоми сеюм ба санаде дар соли 2009 ва дар бораи ба иҷора гирифтани 5 гектар замин дар сарҳад бо Тоҷикистон рабт дорад.

Гап дар бораи "роҳи 275-метрӣ" меравад, ки Тоҷикистон қаламрави худ мешуморад, аммо Бишкек замини баҳсӣ медонад. Замони имзои санад Адахон Мадумаров раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон буд.

Ин қитъаи замин, ки бо номи "Торт Кочо" низ машҳур аст, дар наздикии буриши роҳи Ворух – маркази Исфара ҷойгир буда, ноҳияи Лайлаки Қирғизистонро бо Бодканд ва деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳро ба ҳам мепайвандад. Деҳаҳои Куктош ва Ортабози Қирғизистон ҳам дар ин ҳудуд ҳастанд.

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон, моҳи феврали соли 2022 гуфт, ки “ин замин соли 2009 аз тарафи Тоҷикистон ба Қирғизистон ба иҷора дода шудааст.” Баъзе аз мансабдорон ва созмонҳои сиёсӣ дар Қирғизистон бар ин боваранд, ки имзои санад дуруст набуд ва ҳоло “Тоҷикистон ин қитъаро аз они худ меномад”.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG