Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Замоне садои мусиқӣ меомад, ҳоло хомӯшӣ ҳукмфармост" ВИДЕО


Клуби вайрона дар Кӯлоб
Клуби вайрона дар Кӯлоб

Фаршҳои шикаставу рехта, дару тирезаҳои боз ва ҳоли ногувор. Ин тасвири клуби фарҳангии деҳаи Сари Осиё дар Кӯлоб аст.

Замоне аз инҷо садои мусиқӣ ва шеъру суҳбатҳо берун меомад, ҳоло хомӯшӣ ҳукмфармост.

Солҳои охир гоҳ-гоҳе тамрину маъракаҳои варзиширо дар клуби фарҳангии бозмонда аз Шӯравӣ мегузаронданд. Моҳи декабри соли 2022 дастур шудааст, ки варзишгарон низ дигар дар бинои фарҳангӣ ҷамъ нашаванд.

"Тайи даҳ сол як мураббӣ онро ҳамчун толори варзишӣ истифода бурд, кор кард. Бино дар ихтиёри идораи фарҳанг аст. Вазорати фарҳанг гуфтааст, ки таъмир мекунем ва аз дасти мардум гирифтанд," – гуфт сокини деҳаи Сари Осиё Хидиралӣ Ниёзов.

Шуъбаи фарҳанги ҳукумати шаҳри Кӯлоб як нафарро мудири клуб таъин кардааст, аммо дар онҷо касе дида намешавад. Сокинон мегӯянд, агар бино таъмир нашавад, аз байн хоҳад рафт. Онҳо мехоҳанд, биноро дар ихтиёрашон гузоранд.

Низом Барот, яке аз бошандагони деҳаи Сари Осиё, мегӯяд, "дар поёни деҳа як ҷойи бозии футбол дуруст карданд. Бачаҳо то соати 10-12-и шаб футбол бозӣ мекунанд, аммо гуштин дигар аст. Ҷойи футбол онҷост, ҷойи гуштин инҷост."

Деҳаи Сари Осиё се ҳазор аҳолӣ дорад. Бештари сокинонаш ҷавон ҳастанд. Раиси деҳа мегӯяд, ҷавонон ба толори варзишӣ эҳтиёҷ доранд.

"Дар деҳа зиёда аз 350 хоҷагӣ ҳаст. Толори варзишӣ надорем. Хуб мешуд, ки биноро дар ихтиёри мардуми деҳа медоданд. Таъмир мекардем, боз дар оянда истифода мебурданд," – гуфт Бозорхон Чиллаев.

Фаршҳои шикастаи клуби фарҳангӣ
Фаршҳои шикастаи клуби фарҳангӣ

Дар шуъбаи фарҳанги шаҳри Кӯлоб гуфтанд, бино дар ихтиёри онҳост. Мудири шуъба ҳарчанд таъмирталаб будани бинро тасдиқ кард, нахост дар назди дурбин суҳбат кунад. Вай гуфт, дар ҷустуҷӯйи маблағи таъмир аст.

Ҳоло шуъбаи фарҳанги Кӯлоб нуҳ клуб дорад. Дуи онҳо бояд таъмир шаванд. Мудир гуфт, биноҳоро ба сокинон намедиҳанд. Кай таъмир шудани онҳо низ маълум нест.

Видеоро дар инҷо бинед:

Клуби фарҳангӣ беҳтар аст ё тамрингоҳи паҳлавонони оянда?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG