Вакилони парлумони Тоҷикистон аз тарҳи қонуне ҷонибдорӣ намудаанд, ки бар асоси он гурӯҳе аз маҳбусон баъди раҳоӣ аз зиндон, расман зери назорати пулис қарор мегиранд. Вакилон ҳадаф аз қабули ин тарҳро пешгирӣ аз содир намудани ҷиноятҳо миёни маҳбусони собиқ арзёбӣ намуданд.
Тарҳи қонун «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда» ҳафтаи гузашта дар Маҷлиси намояндагон қабул шуд. Баъзе ҳуқуқдонҳо ва маҳбусони собиқ бар ин назаранд, ки ин санад баръакс мушкилиҳоеро ба миён меорад.
Дар тарҳ пешбинӣ шудааст, ки назорати маъмурӣ нисбат ба афроде сурат мегирад, ки барои ҷиноятҳои сахту вазнин, аз ҷумла таҷовуз ва ё озору азияти ҷинсӣ паси панҷара рафтаанд.
Агар маҳбус дар зиндон вайронкунандаи ашаддии тартиботи муассисаи ислоҳӣ эътироф гардад, тибқи ин санад, баъди адои ҷазо зери назорати мақомоти корҳои дохилӣ қарор хоҳад гирифт.
Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии тарҳ гуфт, назорати маъмурӣ бо қарори додрасу розигии додситон муқаррар шуда, аз сӯи мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ мешавад.
Вакилони парлумон ҳозир нашуданд дар рӯ ба рӯи дурбини Радиои Озодӣ мавзӯъро шарҳ диҳанд. Чанде аз онҳо дар суҳбатҳои бидуни сабт гуфтанд, муҳлати назорати маъмурӣ вобаста ба доғи судии маҳбуси собиқ аз 6 моҳ то 3 сол пешбинӣ шудааст.
“Агар доғи судияшон бардошта шавад, дар чунин ҳолат назорати маъмурӣ нисбати онҳо қатъ мегардад. Тартиби бардоштани доғи судӣ дар қонунгузории кишвар пешбинӣ шудааст. Боз дар салоҳияти додрас аст, ки дар вақти муайян баромадан ба ҷои дигарро ё дар чорабиниҳои оммавӣ маҳдуд мекунад. Агар дар назорати маъмурӣ бошад, барои иваз кардани ҷойи сукунаташ ба Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат мекунад” - афзуд, яке аз вакилони Маҷлиси намояндагон, ки нахост номаш бурда шавад.
Баъзе маҳбусони собиқ мегӯянд, бе қабули ин тарҳ низ зери назорат ҳастанд ва чунин таҷриба ба кору зиндагияшон таъсири манфӣ гузоштааст.
Собиршоҳ Ҳасанов барои напардохтани пули алименти фарзандаш маҳкум ба зиндон шуда, чаҳор моҳ пеш раҳо шудааст. Бо вуҷуди адои ҷазо ва пардохти маблағ, ҳоло наметавонад аз кишвар берун барояд. Ӯ бар ин бовар аст, ки тарҳи қонун баръакс мушкли маҳбусони собиқро бештар мекунад.
Ӯ гуфт: “Доғи судии ман бояд барвақт бардошта мешуд, лекин чанд моҳ шуд даводав дорам, ин масъала ҳал намешавад. Барои ҳамин ҳоло ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта наметавонам. Куҷое, ки мехоҳам равам, таҳти назорати милиса ҳастам, ягон ҷо рафта наметавонам. Бояд ҳар моҳ рафта худамро қайд кунам.”
Ба назари ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов тарҳе, ки порлумон пазируфт, дар таҷрибаи баъзе кишварҳои дигар аст, вале дар шароити Тоҷикистон метавонад мушкилиҳои навро ба миён орад. Вай мегӯяд: “Ҳадаф аз ин тадриҷан мусоидат намудан барои ислоҳу ба роҳи дуруст ҳидоят кардани қишри муайяни иҷтимоии ҷомеа аст. Аммо ду муаммо пайдо мешавад: Аввал боиси таассуф аст, ки корфармо новобаста аз шакли моликият, яъне давлатӣ ва ё ғайридавлатӣ аз қабули коргаре, ки зери назорати маъмурӣ аст, худдорӣ мекунад. Ин бад аст. Чунин омилҳо боис мешавад, ки сатҳи зиндагии ин қишри иҷтимоӣ боз ҳам бадтар мешавад. На танҳо дар оила, дар ҳар макони зисташон соҳибэҳтиром шудан, исбот кардани онки, ки ислоҳ мешаванд ва моил ба ворид шудан ба ҳаёти осоишта ҳастанд, халалдор мегардад.”
Ба қавли Ҳакимов, иҷрои чунин муқаррарот метавонад, боиси амалҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла фасод гардад.
Ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо нафар пас аз адои ҷазо дар зиндон озод мешаванд, вале на ҳамеша метавонанд ба зиндагии одӣ баргарданд. Масъулони созмони ҷамъиятии “Диёр” дар як таҳқиқ маълум кардаанд, ки танҳо дар вилояти Суғд 20 дарсади бесарпаноҳон зиндониёни собиқ ҳастанд.
Маҳбусони собиқ аз мушкили пайдо намудани кори муносиб ва вазъи бади иқтисодиву иҷтимоияшон нигаронанд. Такроран даст ба ҷиноят задани чунин афрод дар гузашта борҳо расонаӣ шудааст.
Гуфтугӯ