Ҷумъаназар Сайидаҳамадзода, додситони ноҳияи Восеъ, ки моҳи феврал мошинашро дар Кӯлоб оташ зада буданд, аз мақомаш барканор шудааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон расман дар ин бора хабар надодааст, вале ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯро моҳи гузашта “барои ворид шудани шикояти зиёд нисбаташ” аз вазифа гирифтанд.
Як ҳамсуҳбати огоҳи Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ рӯзи 14-уми июн гуфт, сабаби оташ задани мошини ӯро низ дар ноадолатии худи додситон донистаанд. Назари Ҷумъаназар Сайидаҳамдзода ба ин масъала маълум нест, вале як дӯсташ аз ӯ "ҳуқуқдони барҷаста ва муфаттиши хеле хуб" тавсиф кард ва гуфт, "бадхоҳонаш ӯро бадном мекунанд."
Шаби 12 ба 13-уми феврал мошини хидматии Ҷумъаназар Сайидаҳамадзода, додситони Восеъ дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини Кӯлоб оташ гирифт. Мақомот гуфта буданд, ки ин коррро як сокини 50-солаи Кӯлоб кардааст.
“Дар баробари оташ задани мошини давлатӣ як номаи шикоятӣ ҳам аз болои Сайидаҳамадзода ба прокурори генералӣ рафта будааст, аммо дақиқ нест, ки дар шикоятҳо аз болои Сайидаҳамадзода чи гуфта шудааст. Як моҳ шуд, ки Восеъ додситон надорад,”--гуфт як манбаъ.
Парвандаи Ҷумъахон Ғаниматзода, сокини 50-солаи шаҳри Кӯлоб, ки бо гумони оташ задани мошини додситон боздошт шудааст, дар додгоҳи Кӯлоб баррасӣ мешавад. Ӯро ба “қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк" муттаҳам донистаанд. Худи ӯ ба муфаттишон гуфтааст, ки додситони Восеъ "дар ҳақаш ноадолатӣ кардааст." Ҷузъиёти парванда маълум нест, ки додситон дар куҷо нисбат ба ӯ ноадолатӣ кардааст.
Ҷумъаназар Сайдаҳмадзода соли 2020 додситони ноҳияи Восеъ таъин шуд ва се сол дар ин ноҳия додситон кор кард.
Ҳафтаи гузашта низ Маҳмуд Шарифзода, додситони ноҳияи Ёвон, ба гумони "чашмпӯшӣ" ба мавридҳои "ғасбу фурӯши замин" аз мақом барканор шуда буд. Ба гуфтаи огоҳони вазъ, ӯро пас аз он барканор карданд, ки дар ноҳия даҳҳо мавриди "истифодаи ғайриқонунии замин" ошкор шуда будааст.
Додситонӣ, як ниҳодест, ки масъулияти назорати риояи қонунҳоро бар душ дорад.
Гуфтугӯ